ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ УСТОД АЙНӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада  бахшида ба гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳроми Ҷумҳурии Тоҷикистон нависанда ва муҳаққиқи сатҳи ҷаҳонӣ устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши бузург таҳти унвони “САДРИДДИН АЙНӢ -АДИБИ МЕҲАНДӮСТ  ВА ҲУВВИЯТСОЗ” бо ширкати донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Чорабиниро декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақому манзалати устод Айнӣ, осори гаронбаҳои ӯ, ҷанбаҳои ахлоқиву тарбиявии асарҳои устод Садриддин Айнӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки хидмати устод Айнӣ барои миллати шарафманди тоҷик бисёр ҳам бузург мебошад ва офаридаҳои ин абармарди арсаи  илму адабиёт аз бисёр ҷиҳат муҳиму барои ҷомеа омӯзанда мебошад. Мавсуф, изҳор дошт, ки хидмати бузургвор Садриддин Айнӣ дар ҳифзи забони тоҷикӣ, ташаккули адабиёти муосири тоҷик, тақвияти ҳуввияти миллӣ бисёр ҳам бузург мебошад. Гиромидошти устод Айнӣ ин гиромидошти хидматҳо ва офаридаҳои ин нависандаи бузург ва адиби хушноми миллат мебошад…

Ҳамзамон, дар  ҳамоиши имрӯза омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Силмонова Сурма дар мавзуи “Устод Айнӣ-рамзи фарҳанг ва поягузори худшиносии миллӣ”, омӯзгори ҳамин кафедра Тоҷибоева Манзурахон дар мавзуи “Садриддин Айнӣ  муҳофиз ва наҷотбахши забони тоҷикӣ”, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дотсент Ҷалолова Зӯҳрохон дар мавзуи “Устод Айнӣ поягузори адабиёти муосир ва тарбиятгари адибони насли нав”, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 420101-02 Шамсиев Алиҷон дар мавзуи “Мероси адабӣ ва маънавии Садриддин Айнӣ”, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси 361001  Маҳмадёрзода С. дар мавзуи   “Мероси эҷодии Садриддин Айнӣ ва нақши он дар ҷомеаи муосир” маъруза намуданд. 

Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, омӯзиши асарҳои устод Садриддин Айнӣ барои насли ҷавон хеле муҳим буда, ҷавононро дар масири  ватандӯстиву хештаншиносӣ, масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ, поквиҷдониву дурӣ ҷустан аз хурофот ва ақидаҳои бегона роҳнамоӣ месозад. 

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот