Декани факултети металлургия Шамсиддинов Ш. фарзанди худро ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ фиристод

Дирӯз, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ба таври ихтиёри фарзанди хешро барои адои қарзи шаҳрвандӣ, яъне  хидмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фиристод. Дар ин ҷода бар устоди гиромӣ изҳори миннатдорӣ менамоем, ки  масъулияти шаҳрвандиро эҳсос намуда, сари вақт фарзанди хешро ба мактаби мардонагӣ ва меҳандӯстӣ фиристонданд!

Ёдовар мешавем, ки тарбияи меҳандӯстӣ дар донишкада ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт хеле корҳои накӯ ба анҷом расонида шудааст.