Дар кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи илми математика аз нуқтаи назари донишмандон” баргузор гардид, ки дар кори семинар ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ашӯров Хайриддин, муовини декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав оид илм Икромзода Азиза ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар семинар профессори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Зиёмидинов Баҳодур маъруза намуда, роҷеъ ба ҷойгоҳи илми математика, нақши бузургони миллати тоҷик дар рушди илми математика ва дидгоҳу назари бузургон изҳори андеша намуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳарчанд математика яке аз илмҳои бунёдӣ ва дақиқ ба ҳисоб рафта, сохтор, тартиб, муносибат ва қонуниятҳои фазоиву ададиро меомӯзад, вале мавқеъ ва нақши он фаротар аз он гунае ҳаст, ки таъриф мешавад.
Изҳор карда шуд, ки математика дар дарозои таърих аз ҷониби мутафаккирон ва донишмандони бузург ба гунаи мухталиф таъриф ва тавсиф гардидааст, ки ҳар яке ҷолиб ва бо дидгоҳи амиқи илмӣ манзур шудааст.
Фарзанди баруманди миллати тоҷик, мутафаккир ва ҳамадони бузург Абӯалӣ ибни Сино математикаро ҳамчун як василаи муҳим барои тарбияи ақл ва мантиқ арзёбӣ намудааст…
Ҳамзамон, дар семинар аз нақши мондагори олимони тоҷик дар рушди илми математика ва дигар илмҳои бунёдӣ сухан рафта, хидмати фарзанони миллати тоҷик хеле бузург арзёбӣ карда шуд.
Дар семинар омӯзгоргорону кормандон атрофи мавзуъ суханронӣ намуда, андешаҳои иброз дошта, чанд масъалаи муҳимро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Шуъбаи иттилоот



