Муовини ректор Аминҷонова Мавлуда бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд

Имрӯз, муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  баҳтри беҳтар намудани вазъи тарбия ва ҳамзамон огоҳ намудани оқибатҳои қонунвайронкуниву бемасъулиятӣ ва риояи қарорҳои мавҷудаи ҳатмӣ барои донишҷӯ бо донишҷӯёни 4 факултет мулоқот намуд. Зимни мулоқот муовини ректор Аминҷонова М.С.-ро мутахассисони тарбия ва ҳамчунин деканҳову муовинони деканҳо оид ба тарбия ҳамроҳӣ намуданд.

Дар вохӯриву мулоқот муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. С. таъкид намуданд, ки донишҷӯ бояд, бо либоси ягонаи донишҷӯӣ, сару тани тоза ва ришҳои гирифта ба дарс ҳозир шавад ва телефони ҳамроҳашро дар даромадгоҳ супорад. Ҳамзамон, роҷеъ ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон низ суханҳои зиёде гуфта шуд.

Шуъбаи иттилоот