Ҷамъбасти даври донишкадавии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”

Имрӯз, зери роҳбарии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо комиссияи озмунӣ натиҷаҳои даври донишкадавии  озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”-ро ҷамъбаст намуд. Дар кори комиссия муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза, сардори раёсати таълим Осими Оқил, декани факултети металлургия дотсент Шамсиддинов Шӯҳрат, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври донишкадавии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар донишкада се рӯз давом намуд ва дар он зиёда аз  40 нафар довталаб ширкат намуд.

Шуъбаи иттилоот