Дарси кушоди омӯзгор Юсупов Саидакрамхоҷа

Тибқи ҷадвали дарсҳои кушоди кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ  дирӯз  дар аудиторияи № 305К дарси кушоди дотсенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Юсупов С.М. аз фанни графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ дар  гурӯҳи  510201 – 01 – корҳои кушоди кӯҳӣ, бахши 1, дар мавзӯи “Буриши бисёррӯяҳо бо ҳамворӣ” бо иштироки сардори раёсати таълим н.и.т., дотсент Осими Оқил, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот н.и.и., дотсент Юсупов Х.М., муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ оид ба илм Исоева А.Т., эдвайзери факултети электромеханика Кенҷаев Ш.А. ва дигар омӯзгорони донишкада баргузор гардид.

Дотсент Юсупов С.М. баёни мавзӯи навро бо истифода аз проектор, тахтаи электронӣ  ва медиафайли ба мавзўъ тартиб додашуда, оғоз намуда, бо барномаи графикии  КОМПАС – 3D буриши бисёррӯяҳо бо ҳамвориро дар сатҳи баланди касбият бо истифода аз технологияи муосири таълим ба намуди нақша ва тасвири аслии ҷисм дар фазоро ҳал кард. Ҳамзамон, Юсупов С.М. диққати донишҷӯёнро ба тарзи гузаронидани буриши ҷисмҳои геометрӣ аз содда ба мураккаб дар шакли амсиласозии сеченака (3D)   ҷалб намуд.

Дарси кушодро сардори раёсати таълим, дотсент Осими Оқил ҷамъбаст намуда, ҷиҳати алоқамандии мавзӯро ба самти ихтисоси донишҷӯён дар сатҳи баланд арзёбӣ карда, инчунин барои дар сатҳи баланди педагогӣ гузаронидани дарси кушод ба Юсупов С.М. изҳори миннатдорӣ намуд.