Дарси кушоди омӯзгор Облоқулов Воҳидҷон

Имрӯз, дарси кушоди мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ олими ҷавон Облоқулов Воҳидҷон аз фанни  “Назарияи иқтисодӣ” баргузор гардид. Дар дасри кушоди мазкур мавзӯи “Пул ва бозори пули” мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Омӯзгори ҷавон ва фаъол моҳияти мавзӯъ ва аҳамияти онро ба донишҷӯён фаҳмонида, сипас бо истифода аз тахтаи электронӣ мисолҳо оварда, мавӯъро муфассал ташреҳ дод.

Дар дарси кушоди мазкур сардори раёсати таълим Осими Оқил, омӯзгор Раҳматов Абдумавлон, омӯзгор Мирсаидова Фирӯза, омӯзгор Ҳомидова Машҳура ширкат намуданд.

Донишҷӯён ба суолҳои омӯзгор озодона ва ба дараҷаи олӣ посух доданд, ки ин аз ҳазми мавзӯъ дарак медиҳад. 

Дар интиҳо омӯзгорон  ба тарзи гурзаронидани дарси омӯзгор Облоқулов Воҳидҷон баҳои баланд дода, дарси кушоди мазкурро баҳои баланд доданд.