Густариши ҳамкориҳои донишкада бо корхонаҳои истеҳсолӣ

Имрӯз бо роҳбарияти Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шӯъбаи иттилоот муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов Замониддин хабар дод. Корхонаи мазкур аз донишкада сафарбар намудани беш аз панҷоҳ металлург, даҳ барқчӣ, даҳ мошинсозонро дархост намуд. Ҳамчунин ин корхона ӯҳдадор шуд, ки дар донишкада як аудиторияи металлургӣ таъсис диҳад, ки дар он нусхаи хурди ҷараёнҳои истеҳсолии ин корхона насб карда мешавад. Хамзамон, музди маоши мутасаддиёни ин озмоишгоҳи таълимиро низ ин корхона пардохт хоҳад кард.