“ГУМОНБАРИ УЗВИ ДИИШ ДАР ИТОЛИЁ ВИДЕОИ ҲАМЛА ДАР ДАНҒАРАРО ТАБЛИҒ МЕКАРД”

Матбуоти Итолиё рӯзи 22-юми ноябр хабари боздошти марди мисриро нашр кард, ки барои нияти сафар ба манотиқи таҳти назари ДИИШ боздошт шуд.

Мақомоти тафтишотии Итолиё гуфтанд, Исом Алсаид Шалабии 22-сола рӯзи 21-уми ноябр боздошт шуд. Шалабиро барои таблиғи ақидаи ҷиҳодиҳо тавассути паёмрасонҳои интернетӣ ва раҳбарии гурӯҳи хурди тарафдорони ДИИШ муттаҳам мекунанд.

Полис гуфт, Шалабӣ тавассути барномаи Телеграм видеоҳои таҳияшудаи аъзои ДИИШ-ро паҳн мекард ва дар миёни онҳо инчунин видеои ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳам ошкор шудааст. Ин ва дигар видеоҳои ҳамлаҳои ҷангҷӯёнро Шалабӣ дар миёни корбарони гурӯҳи хоси тарафдорони ДИИШ дар Телеграм пахш мекард.

Дар ҳамла ба ҷаҳонгардон чаҳор нафар кушта шуд ва рӯзи 21-уми ноябр Додгоҳи олӣ муттаҳами аслии анҷоми ин ҳамларо дар Тоҷикистон ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард.

Масъулияти ҳамлаеро, ки рӯзи 29 июл аз ҷониби гурӯҳи панҷнафараи сокини Тоҷикистон анҷом шуд, гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Ин нахустин ҳамлаи аъзои ин гурӯҳ буд, ки дар хоки Тоҷикистон ва бо дасти шаҳрвандони ин кишвар анҷом шудааст.

 

                                                                                                   Аз сомонаи шабакаи интернети