Ташрифи расмии намояндагони донишгоҳҳои Русия ба донишкада

Дар ҳошияи сафари расмии ҳайати Ҳукумати Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар донишкада бо роҳбарияти Донишгоҳи кӯҳию металлургии Магнитогорск, Ширкати кӯҳию металлургии “Магнитогорск”, ширкати “УралЭнергоРесурс”ва Фонди рушди ҳавзаи Югра вохурӣ намуда, ҷанбаҳои ҳамкориҳои амалиро баррасӣ намуданд.
Меҳмонони олиқадрро муовини аввали ректор, профессор Насриддинов Замониддин пешвоз гирифта, доир ба имкониятҳои мавҷудаи донишкада, рушди ҳамкориҳои тарафайн, таболули афкор намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон як маркази илмию ташхисии муштарак барои таҳияи лоиҳаҳои корҳои кӯҳӣ барои сармоягузорон таъсис медиҳанд.
Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ ва мулоқоти муҳим ба роҳбарияти донишкада изҳори миннатдорӣ баён намуданд.