Баргузории шанбегии умумӣ дар донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Розиқов Абдусамад иттилоъ дод.

Кормандону омӯзгорон имрӯз нахуст марказҳои гулшинонӣ ва ороиширо ба кишти гулҳои гуногун омода намуда, сипас роҳравҳо, роҳрави назди донишкада, хиёбони марказии шаҳрро пурра аз партову коғазпораҳои нолозим пок намуданд. Ҳамчунин, кормандон як қатор дарохтонро аз баргу шохаҳои нолозим озод намуда, заминҳоро баргардон намуданд ва дар назди даромадгоҳи донишкада ниҳолҳои ороишӣ шинониданд.