Мизи мудаввар: Нақши зан дар таҳкими сулҳу субот

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи модарон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши зан дар таҳкими сулҳу субот” баргузор гардид.

Чорабиниро нахуст раиси Шӯрои занони донишкада Расулова Мунзифахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши зан дар ҷомеа ва қадру манзалати он суханронӣ кард.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон дар бораи дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон маърӯза хонд.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза намояндаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон, занони фаъол ва пуртаҷриба дар хидмати давлатӣ ширкат намуда, суханронӣ намуданд.