Имтиҳони давлатии магистрон ҷамъбаст гардид.

Курсҳои дуюми хатмкунандагони магистратура ихтисосҳои таҷҳизоти мошинсозӣ, конҳои канданиҳои фоиданок ва геологияи нафту газ имтиҳони давлатиро супорида, бомуваффақият зинаи магистратураро хатм намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мутахассиси шуъбаи аспирантура ва магистратура Исозода Шероз иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкада барои омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургияву самти мошинсозӣ мутахассисонро омода менамояд.

Шӯъбаи иттилоот