Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаи “Зарри тоҷик”

Донишҷӯён дар корхонаи “Зарри тоҷик”- и шаҳраки Консой зери роҳбарии омӯзгори кафедраи металлургия Фаридаи Амонулло таҷрибаомӯзии худро гузарониданд.
Донишҷӯён нахуст бо техникаи бехатарӣ шинос гардида, сипас ба корҳои заргарӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар ин ташрифи худ донишҷӯён аз тарзҳои қолабсозӣ, ороишот аз маснуоти заргарӣ ва дигар роҳҳои корбурди сангҳои қимматбаҳоро омӯхтанд.
Донишҷӯён дар корхонаи заргарӣ бо кормандони соҳаи заргарӣ суҳбат намуда, барои комил сохтани донишҳои хеш чандин қолабҳо дар тарҳи миллиро таҳия намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ихтисоси заргарӣ таъсис дода шудааст, ки ҳадафаш омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мебошад.

Шуъбаи иттилоот