Ваҳдат наҷоти миллат

Дӯстон, боҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст.

  Ҳамдилу ҳамдард  будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.

 Ҳусни неруй ватанромекунад ваҳдат фузун,

 Тоҷикистон хонадони ҷовидони ваҳдат аст.

     Пешрафту муваффақиятҳои ҳар миллат ва ҳар  як давлат пеш аз ҳама ба муттаҳидӣ  ва ягонагии  ваҳдат вобастааст. Аз давраҳои атиқа сар карда, мафҳумҳои  сулҳу ваҳдат аҳмияти асосӣ дар ҳаётӣ инсоният доштааст.

  Мутафаккирони ҷаҳон аз давраҳои атиқа то кунун  оиди ваҳдат  ақидаҳои зиёдеро матраҳ менамуданд. Ба мисоли ақидаи  Арасту  “Ваҳдат ин як шакли махсус, ки мутаҳидкунандаи ҳар як инсоният дар ҳар давру замон аст”. Афлотун ваҳдатро чунин гуфтааст: “Ваҳдат ин тақсимоти сеҷонибаи давлат, ки  инҳо адолат, дустӣ, виҷдон ки шукуфои давлат бо он зоҳир мешавад”  меҳисобид. Аз ин ру ба ақидаи Афлотун  “Демократия бидуни ягонагӣ ва ҳамоҳанги  ғайриимкон аст, ҳамоҳанги ва якдили барои ҷомеа роҳи хуби зиндагиро фароҳам меоранд”.

      Ваҳдат  дар  ҳар марҳилаи рушди ротсионализм (ақл)-и ва гуманизмӣ (инсонгароӣ) ҳамаи халқиятҳоро  маҷбур месохт, ки дар робитаи наздики худ аз дигарон ҳимоят кунанд ва ё ба ҳамдигар кумак кунанд ва ин падида ҳеҷ гоҳ тағйир наёфтааст, ва имрӯз низ мо шоҳиди он ҳастем. Пас, ваҳдати миллӣ барои ҳар як кишвари ҷаҳон муҳим аст.    

    Дар ҳақиқат  Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣю фарҳангӣ пеш меравад.

    Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояш чунин ироа намуданд:  «Фарҳанги сулҳ ва ваҳдат беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошанд, ки рисолати инсондустиро дар тӯли асриҳо пуштибони намудааст.»

    Оре,  сиёсати оқилона ва дурандешона,  бовиҷдона, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат боиси он шуд,  ки  нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Ҳеч яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳи дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Бартариҳои ваҳдати миллӣ тоҷикистон дар он ҳаст, ки он барои ҳар як шаҳрванд имконияти баробар фароҳам оварадааст. Ваҳдати миллӣ мо инчунин дар заминаи рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ зинаҳои баробаро  пешниҳод мекунад. Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ба муттаҳидшавии ҳамаи халқиятҳо  мусоидат мекунад ва инчунин ба онҳо озодӣ медиҳад, ки зиндагии худро бидуни ягон дахолат ба таври худ зиндагӣ кунанд. Вабоиси хушбахтист, ки  мо имрӯз шаҳрвандони тоҷик дар сулҳу софо умри ба сар мебарем. Яке аз мутафакирони  амрикой Марта  Нуссбаум  мегуяд; «Ҳамбастаги  миллӣ  инчунин ба муттаҳидшавии ақаллиятҳо мусоидат мекунад ва инчунин ба онҳо озодӣ медиҳад, ки зиндагии худро бидуни ягон дахолат ба таври худ зиндагӣ кунанд.»

   Зикри кардан зарур аст, ки ҳамаи ин тарақиётҳою пешрафтҳои давлатамон  неъмати бебаҳои ваҳдат аст, чунки ваҳдат ин наҷотбахши ҳар давлати дунё ба ҳисоб меравад ва яке аз чунин давлатҳои ҷаҳон тоҷикистони азизи мо ба ҳисоб меравад. Барои ба даст овардани ваҳдат миллӣ барои ҳар як шаҳрванд тоҷикистон зарур аст, ки ваҳдати миллро тарғиб намоянд.

Роҳҳои  асосии тарғиби ваҳдати миллӣ инҳо ҳастанд :

1.Таҳаммулпазирӣ нисбат ба ҳамдигар.

2.Сарфи назар аз мансубияти мазҳабӣ ва қавмӣ.

3.Меҳмоннавозӣ ба хусус ба бегонагон.

4.Зиндагӣ бидуни табъиз нисбат ба ҳамдигар ва  миллатҳои  дигар.

  1. Дар вилоятҳо ва ноҳияҳо нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ.

  Ин роҳи метавонанд  сулҳ ва ваҳдато тоҷикистонро дар даврони  ҷаҳоншавӣ эҷод кунан.  Дасти кумак бо ҳам ва дигарон дароз кунем. Ба таҳқир хотима диҳем ва хидмат бо ҳам ва баҳри пешрафти давлатамон пешаи худ кунем.  Ақли худро ба ғояҳои нав кушоем, то ки  ваҳдату сулҳу суботи ватанамонро аз даст надиҳем.

   Хулоса, мо  як фарзанди бонангу баномус ва барои миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболем ва бо  ифтихор метавонам гӯям, ман тоҷикам ва бо тоҷикистон зиндаям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин  Эмомалӣ  Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳи он  аст. Агар Исмоили Сомони девори Бухоро буд, пас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  поягузори сулҳу амният ва наҷотбахши Тоҷикистони азизамон аст.

Иброимова Ойрамо 

муаллими калони кафедраи гуманитарӣ – иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон