Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ ҷашнӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва кормандон ширкат варзиданд.
Ректори Донишкада олими ҷавон ва меҳандӯст Давлатзода Давлат нахуст ҳозиринро ба ин санаи фархунда ва муҳими таърихӣ таҳният гуфта, сипас роҷеъ ба аҳамияти ваҳдати миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ, ҳикмати ваҳдатофаринии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди илму маориф, пешрафти иҷтмоиёту иқтисодиёт сухан ронда, изҳор дошт, ки корномаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби комилан ҷадиди давлатдории навин мебошад ва баҳра гирифтан аз ин мактаб бар нафъи сиёсатмадорону ҷавонони ояндасоз хоҳад буд.
Метавон гуфт, ки маҳз пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санаи 27.06.1997с. дар шаҳри Маскав миллат аз парокандагӣ раҳо ёфт ва аниқтараш ба ваҳдат расид. Ваҳдати миллат ин ҳамдиливу якмаромӣ ва яктаниву яктинатии миллат аст. Аз ҳамин рӯз шурӯъ намуда, давлати муосири тоҷикон зери роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи навро пеш гирифт ва ҳар лаҳза зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардид. Зиндагӣ беҳтару осудатар гардид. Дубора ба дили миллат умед баргашт ва ҷомеа шаҳди истиқлолро бичашид. Ин аст, самараи сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ҳаммаромии миллат. Пешрафту тараққиёти кишвар, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳоло дигар он ҳад беҳтар гардидааст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ касе умед надошт, лек феълан миллат дар рифоҳ аст. Тоҷикистон гул-гул шукуфон аст.
Агар сабру таҳаммул ва ҷонфидоии миллат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ҷомеа ба имрӯз намерасид ва бад ин ҳад кишвар рушду тараққӣ намекард.
Шукр, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст ва мақоми махсусеро касб намудааст, ки ин ҳам заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз, талошу ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикисони ҷангзада ба як давлати тараққикарда, пешрафта ва амнтарин дар сайёра табдил ёфт. Нақш, ҷойгоҳ, мақом ва манзалати Тоҷикистон феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳониву башардӯстонаи Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле устувор ва қавист, ки ин ҳам ҳамон самараи истиқлол ва меваи иттиҳоду ҳамбастагиву ваҳдати миллат мебошад.
Ҳамзамон дар чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол ва кормандони бахши хоҷагидорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Баъдан, барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷом ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба сохтори тарбия ва овозхонону ҳунармандон изҳори миннатдорӣ баён намуда, кулли ҳамватанонро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Шуъбаи иттилоот




