ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН ВА ОМИЛИ РУШДУ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ яке аз муқаддастарин ва арзишмандтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва ризоияти миллӣ давлати тоҷикон аз хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан раҳо ёфта, барои рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам гардид.

Дар таърихи ҳар як миллат саҳифаҳои тақдирсозе вуҷуд доранд, ки роҳи минбаъдаи рушди давлатро муайян менамоянд. Барои миллати тоҷик чунин рӯйдоди сарнавиштсоз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 мебошад. Ин сана ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр душвор ва пурмоҷаро буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар зарари ҷиддӣ расонида, ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд ва садҳо ҳазор шаҳрвандон маҷбур шуданд Ватанро тарк намоянд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккаб масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва нигоҳ доштани якпорчагии кишвар буд.

Дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва роҳбари давлат ниҳоят бузург ва сарнавиштсоз мебошад. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияташон манфиатҳои давлат ва миллатро аз ҳама гуна манфиатҳои гурӯҳӣ ва минтақавӣ болотар гузошта, тамоми нерӯ ва имкониятҳои худро барои барқарор намудани сулҳу субот сафарбар намуданд.

Суханони таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни оғози фаъолияти роҳбарии давлат баён гардида буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», на танҳо як шиор, балки барномаи амал барои наҷоти миллат гардиданд. Маҳз сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сабаб шуданд, ки музокироти сулҳ оғоз гардида, баъди солҳои зиёд ба натиҷаи дилхоҳ расид.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон гардид. Дар натиҷаи ин санади таърихӣ сулҳу субот дар кишвар барқарор шуда, раванди эҳёи иқтисодиёт, рушди инфрасохтор ва таҳкими давлатдорӣ оғоз ёфт.

Имрӯз бо гузашти қариб се даҳсола аз ба даст омадани ваҳдати миллӣ метавон бо итминон гуфт, ки тамоми дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ маҳз самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар ин давра ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ сохта шуда, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва шабакаҳои муҳими коммуникатсионӣ бунёд гардиданд.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардида, заминаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ мустаҳкам шуданд. Ба истифода додани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Чормағзак» ва дигар иншооти бузурги инфрасохторӣ имконият дод, ки минтақаҳои гуногуни кишвар бо ҳам пайваст гардида, рушди иқтисодӣ суръати бештар касб намояд.

Яке аз самтҳои муҳими пешрафти кишвар дар солҳои ваҳдат рушди соҳаи саноат ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои сарватҳои бузурги маъданӣ имкониятҳои васеъ барои рушди саноати кӯҳӣ дорад. Имрӯз дар натиҷаи сиёсати созандаи роҳбарияти давлат даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ таъсис ёфта, коркарди ашёи хоми дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба роҳ монда шудааст.

Барои мо, кормандони соҳаи кӯҳкорӣ ва геология, ваҳдати миллӣ на танҳо мафҳуми сиёсӣ, балки шарти муҳими рушди соҳаи саноати кӯҳӣ низ мебошад. Бидуни сулҳу субот татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ғайриимкон аст. Имрӯз маҳз дар фазои орому устувори кишвар имконият фароҳам омадааст, ки захираҳои бузурги маъдании Тоҷикистон ба манфиати рушди иқтисоди миллӣ истифода шаванд.

Дар баробари пешрафтҳои иқтисодӣ ваҳдати миллӣ барои рушди илму маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ низ нақши муҳим бозидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ таъсис ёфта, шароити мусоид барои омода намудани мутахассисони баландихтисос фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ таҳсил намуда, дар озмунҳои байналмилалӣ ва барномаҳои илмӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати давлат ва самараи ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ рӯ ба рӯ шудааст, аҳамияти ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Таҷрибаи таърихии тоҷикон нишон медиҳад, ки танҳо ҷомеаи муттаҳид метавонад муқобили ҳар гуна таҳдидҳо истодагарӣ намуда, манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд.

Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу ваҳдати имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои расидан ба ин неъмати бебаҳо ҳазорон нафар ҷоннисорӣ намудаанд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату хирадмандии сиёсӣ миллатро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидаанд.

Дар фарҷом метавон таъкид намуд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик, кафили истиқлолияти давлатӣ ва пояи устувори рушди Тоҷикистон мебошад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдат ва бунёди давлати муосири тоҷикон беназир ва таърихӣ аст. Вазифаи ҳар яки мо ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ваҳдати миллӣ – рамзи сарҷамъии миллат, пояи давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аст.

Мутавалиев Абдуваҳҳоб 
мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон