Дар тақвими таърихии миллати тоҷик санаҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун рӯзи ҷашн, балки ҳамчун рамзи сарнавишт, сабақи бузурги таърих ва роҳнамои оянда хизмат мекунанд. Яке аз чунин санаҳои тақдирсоз 27 июн- Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан барои омӯзгорон ва насли ҷавон, на танҳо як иди давлатӣ, балки рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ ва созандагӣ бар вайронкорӣ мебошад.
Вақте аз Ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама бояд дарк намоем, ки он чӣ гуна арзиши бузург ва дастоварди нодири таърихӣ аст. Насли имрӯз дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунад ва шояд тасаввур намудани рӯзҳои пурошӯби солҳои 90-уми асри гузашта барои онҳо чандон осон набошад. Аммо таърих шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолӣ давраи ниҳоят вазнинро аз сар гузаронд. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафарро қурбон кард, иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддӣ дид, беш аз як миллион нафар муҳоҷири иҷборӣ ва гуреза шуданд, садҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо, зарар диданд ё аз фаъолият бозмонданд.
Дар чунин шароити мушкил, танҳо иродаи сиёсӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан тавонист миллати тоҷикро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳад. Бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми қишрҳои ҷомеа, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, роҳи рушди минбаъдаи давлтро ҳамвор намуд.
Имрӯз, мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо поёни низоъ набуд, балки оғози давраи нави давлатсозӣ ва пешрафти ҷомеа гардид. Агар ба дастовардҳои солҳои истиқлол назар афканем, мебинем, ки маҳз дар фазои сулҳу субот Тоҷикистон тавонист дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.
Аз ҷумла, соҳаи маориф яке аз самтҳое мебошад, ки бештар аз ҳама самараи Ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи давлатро эҳсос кардааст.
Яке аз самтҳое, ки дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ рушди бесобиқа пайдо намуд, таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали истиқлолият фаъолияти бисёр муассисаҳои олии касбӣ бинобар мушкилоти иқтисодӣ коста гардида бошад, имрӯз ин соҳа ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи муассисаҳои олии касбӣ сол ба сол зиёд гардид. Зиёд гардидани муассисаҳои олии касбӣ далели онанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдат давлат барои ҳар як шахс шароити мусоид фароҳам овардааст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, балки барои пешрафти тамоми низоми таҳсилот шароит фароҳам овардааст.
Ҳамчун омӯзгор ва шахсе, ки зиёда аз 16 сол дар соҳаи маориф фаъолият менамоям, бар он назарам, ки агар сулҳу субот намебуд, дастовардҳои имрӯзаи маорифи тоҷик ғайриимкон буданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ сохта ва азнавсозӣ гардиданд.
Маҳз дар шароити сулҳу субот Тоҷикистон тавонист ба барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот ҳамроҳ гардад.
Имрӯз вазифаи омӯзгор танҳо омӯзонидани барномаи таълимӣ нест. Омӯзгор бояд ба донишҷӯён фаҳмонад, ки сулҳу субот ва ваҳдат чӣ арзиш доранд, чаро бояд онҳоро ҳифз кард ва барои пойдории онҳо саҳм гузошт. Насле, ки таърихи сулҳи тоҷиконро медонад, ҳаргиз роҳ намедиҳад, ки ихтилоф, ифротгароӣ ё бегонапарастӣ ҷомеаро заиф гардонад.
Дар муассисаҳои таълимии кишвар мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо, озмунҳо ва дарсҳои тарбиявӣ бахшида ба Ваҳдати миллӣ баргузор мегарданд. Ҳадафи ҳамаи ин тадбирҳо дар хонандагон ташаккул додани эҳсоси ифтихор аз давлату миллат ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Таърих борҳо исбот кардааст, ки давлатҳоро на сарватҳои табиӣ, балки ваҳдат, дониш ва фарҳанги мардум устувор нигоҳ медоранд. Миллате, ки соҳиби маорифи пешрафта ва ҷомеаи муттаҳид аст, метавонад ҳама гуна мушкилотро паси сар намояд.
Имрӯз мо омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадорем, ки дастоварди бузурги миллат – Ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намоем. Мо бояд ба фарзандонамон омӯзонем, ки сулҳу ваҳдат мероси омода нест, балки арзишест, ки ҳар рӯз бо меҳнат, дониш, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳифз карда мешавад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи халқамон назар афканем, аз сабақҳои таърих хулоса барорем ва барои таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Ватани азизамон- Тоҷикистон боз ҳам бештар талош намоем.
Зеро, Ваҳдати миллӣ танҳо рӯйдоди таърихӣ нест. Ваҳдати миллӣ роҳи зиндагии мост. Он кафили рушди давлат, пешрафти маориф, шукуфоии ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.
29-солагии Ваҳдати миллӣ муборак Тоҷикистони азизам!
Деҳқонов Д.Ҳ.
сардори бахши таҷрибаомӯзӣва пайгирии хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
