ВАБОИ АСРИ ХХI ВА РАҲОИ АЗ ОН

 «Тероризм  ватан , миллат ва мазҳаб надорад». Ин суханони Роҳбари давлат моро водор месозад ,ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ҷавононро ба роҳи рост тарбия намоем.Тероризм дар ҳақиқатан ҳам  вабои асри  ХХI  буда , майнаи сари ҷавононро дучори беморӣ мекунад . Дар натиҷа ҷавонон ба як машинаи идорашаванда  табдил ёфта аз рӯи нақшаи разилонаи  гурӯҳҳои ифротгар ба қатлу куштори шахсони бегуноҳ даст мезананд. Эмисарҳои хунхор барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоку манфиатҷӯёнаашон ҷавононро ба ҷиҳоди бемаънӣ даъват мекунанд . Ҷиҳод аз нуқтаи назари дини мубини ислом ин баланд бардоштани мартабаи дин мебошад , на кӯмак расонидан барои ғасби мансаб аз тарафи шахсони мансабталаб . Дар ҳадисҳои набавӣ оварда шудааст ,ки рӯзе ҷавоне аз пайғамбари  ислом Муҳҳамад (с.с) ҷиҳати иштирок ба ҷиҳод иҷозат мепурсад ,он ҳазрат аз ҷавон пурсон мешаванд,ки оё ӯ падару модар  дорад . Ҷавон  дар ҷавоб  мегӯяд ,ки ҳа дорам.Он кас ба ҷавон мегӯянд:Бирав  хизмату падару модаратро ба ҷо ор ,ин аст ҷиҳод аз барои ту. Аз ин ҳадис бар меояд, ки мартабаи ба ҷо овардани хизмати падару модар дар дини ислом назар ба иштирок дар ҷиҳод болотар меистад.Мутаасифона аксари ҷавони аз ҳадис бехабар ба ҷои хизмати падару модар боиси парешониашон мегарданду  сари онҳоро дар назди дигарон хам мегардонанд ва бо дастурии эмисарҳояшон даст ба куштор мезананд , дар натиҷа якбора ду гуноҳи кабира мекунанд : гӯш накардан ба фармони падару модар ва рехтани хуни мусалмон , ки онҳо бо ин гуноҳҳои кардаашон аз тарафи худованд ҷазо дода мешаванд. Дар замони муосир ҷиҳод, яъне баланд бардоштани мартабаи дини ислом  ин ахлоқи хамидаи ҳар як мусалмон мебошад ,на қатлу куштори бегуноҳон ,инро бояд ҳар як мусалмони ҳақиқӣ донад ва ба  ҷавонон онро фаҳмонад . Пеш аз пайдо шудани ДИИШ шахсони ғайримусалмон бо ҳавас ба ахлоқи ҳамидаи мусалмонон назар афканида , дини исломро   қабул карданд , ин боиси он гардид , ки аз тарафи душманони дини ислом ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ омода карда шуда , дар байни мусалмонон кинаву адоват ва душманиро барангехтанд. Ин зуҳурот боиси он гардид,ки  дар мамлакатҳои аҳолиаш мусалмон инқилобу  ҷангҳои  шаҳрвандӣ ба амал омада , мамлакатҳои тинҷу ором ба  вайронаҳо табдил дода шуданд ва аҳолии онҳо дучору қатлу куштор ва сарсонӣ  гаштанд . Ин зуҳуроти номатлуб солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурии мо низ ба амал омад ва боиси марги  мардуми бегуноҳ ,вайрон шудани сохти конститутсионии давлатамон гардид.Гурӯҳҳои  фурсатталаби ифротӣ ҳокимиятро бо хунрезӣ ба даст оварда ,боиси бесарусомонӣ ,қатли халқи бегуноҳ дар ҷӯмҳурии нав соҳибистиқлол шудаамон гаштанд. Оқибатҳои ногувори ин ҷанги шаҳрвавндии бемаъно тараққиёти кишварамонро то ба фарсахҳо дур партофт. Инро ба назар гирифта барои бори дигар такрор нашудани ин ҳодисаҳои нанговар ҷавононро бояд ба роҳӣ рост ҳидоят намуд.                                                                                   Ҷавонон ояндаи  ҳар як халқу миллат буда , ояндаи дурахшон  ё  номуайяни  ҷомеа  аз тарбияи дурусти онҳо вобастагии калон дорад.Тарбияи ҷавонон ин вазифаи муқаддаси натанҳо омӯзгор , балки падару модар низ мебошад. Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бояд онҳо аз илми дунявӣ ва динӣ бохабар бошанд. Омӯзонидани илми дунявӣ ин вазифаи омӯзгор мебошад,вале омӯзонидани илми динӣ ин вазифаи падару модар мебошад. Хушбахтона барои ин ду самти илмӣ дар ҷумҳуриамон заминаҳои моддию маънавӣ вуҷуд дорад . Дар китобхонаҳо барои омӯзиши илмҳои дақиқ ва гуманитарию иҷтимоӣ  китобҳои чопӣ ва электронии гуногун мавҷуд буда , дар мағозаҳои китобфурӯшӣ бошад бо забони тоҷикӣ тамоми китобҳои динӣ  аз Ⱪуръони маҷид сар карда то ба ҳадисҳои набавию тафсири осонбаёни  Ⱪуръони маҷид ва китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ ба фурӯши озод гузошта шудааст. Барои тарбияи дурусти фарзанди худ ҳар як падару модар метавонад аз  ин китобҳо ба таври зарурӣ истифода баранд.  Ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон ин яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ҷавон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Аз тарафи ҳукумати мамлакатамон бо роҳбарии Сарвари  давлат ба масъалаи тарбияи ахлоқии ҷавонон аҳамияти калон дода мешавад : қабули  «Ⱪонун дар бораи масулияти падару модар» ,нашри китобҳои илмӣ ва бадеӣ,кушодани майдонҳои калон ва хурди варзишӣ , кушодани муассисаҳо ва боғҳои  фарҳангию фароғатӣ  , тарҷима ва чопи қитобҳои Ⱪуръони маҷид , ҳадисҳои набавию тафсири осонбаёни  Ⱪуръони маҷид ва китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ аз ҷумлаи ин амалҳо мебошанд .Барои шинос шудан бо аҳкоми шариати ислом дар ҷумҳуриамон тамоми маводҳои чопӣ мавҷуд аст ва барои омӯзиши он дар хориҷи кишвар зарурият нест. Баҳри осоиштагӣ дар кишвар бояд ҳар шаҳрванди ҷумҳуриӣ ҳиссагузор бошад,чунки Тоҷикистон ин ватани ҳар яки мо мебошад.

Fафоров С.Ҷ

омӯзгори калони  кафедраи ФТИ-и ДКМТ.