Ҷиҳати шиносоӣ бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ, фаъолияти Донишкада, шароити таҳсилу таълим, ихтисосҳои мавҷуда, имкониятҳои фароҳамгардида барои донишҷӯён ва дурнамои касбии донишомӯзон 30 нафар шунавандагони Барномаи байналмилалии “Access” аз ноҳияи Зафаробод аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар доираи боздид барои шунавандагон аз ҷониби сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкада Муҳаммадиев Акбархон сайри кӯтоҳ дар ҳудуди муассиса, баргузор намуда, оид ба имкониятҳои идомаи таҳсил дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ манзур карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи байналмилалии “Access” бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба рушди малакаҳои забони англисӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон равона карда шудааст.
Шунавандагон аз толорҳои, озмоишгоҳҳо, марказҳои касбомӯзӣ ва синфхонаҳо дидан намуда, бо олимону профессорон мулоқот намудандутбарои идомаи таҳсил ва интихоби ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон майлу рағбати зиёд зоҳир карданд.
Таъкид карда шуд, ки дадафи боздид аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин баланд бардоштани огоҳии хонандагон оид ба таҳсилоти олӣ ва мусоидат ба интихоби дурусти касбу ихтисоси оянда мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ буда, бо зиёла аз 68 донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварҳои пешрафтаи дунё шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Шуъбаи иттилоот


