Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз хобгоҳи донишҷӯён

Дирӯз бегоҳ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз бинои хобгоҳи рақами 1 боздид ба амал оварда, ҳолати хобгоҳро ба давраи зимистонгузаронӣ санҷид. Зимни боздид ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён мулоқот намуда аз ҳолати буду бош ва зисту зиндагонӣ бипурсид. Мавсуф, ба ҳар кулбаи хобгоҳ даромада, бо бошандагони он самимона ҳолпурсӣ карда, машваратҳо барои сохтани ояндаи дурахшону зиндагии шоиста  дод.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки ҳар нафаре ки мушкиле дорад, ба адабиёти дарсӣ дастрасӣ надорад ва ё кадом камбудие дигар марҳамат муроҷиат намоед, ҳамчун ректор масъули тақдири Шумо-донишҷӯён иҷро мекунам. Вале дар навбати худ шумо донишҷӯёни азиз бояд хубу аъло хонед ва забонҳои хориҷиро аз худ намоед. 

Ёдовар мешавем, ки ректори донишкадаро зимни боздод ва мулоқот бо донишҷӯён масъули хобгоҳи рақами 1  Азизов Қурбон ҳамроҳӣ намуд.