Бахшида ба “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва информатика озмуни “Интелект” гузаронида шуд.

Имрӯз, санаи 25.02.2021с. мувофиқи барномаи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф “озмуни “Интелект” гузаронида шуд. Дар он донишҷӯён бо дастаҳои “Соҳибкор”, “Архитектор”, “Дурахшон”, “Хирад” ва “Кӯҳкор” фаъолона иштирок намуда ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфиди худро пешниҳоди ҳакамони имрӯза гардониданд.

Гурӯҳҳо аз ҷониби ҳакамон  баҳогузори карда шуда, ғолибони ин озмун муайян шуданд. Гурӯҳҳои  ғолиб дар ин бозӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд.