Дар амалии донишҷӯёни барқкор дар КВД “Фулузоти нодир Тоҷикистон”

Кафедраи таъминоти барқ шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2022 дарсҳои амалиро баҳри донишҷӯён дар филиали кафера дар назди КВД “Фулузоти нодир Тоҷикистон” ва дигар корхонаҳои саноативу  муассисаҳои соҳави барқ мувофиқи шарномаи дутарафа ва аз рӯи ҷадвали дарсии аз тарафи деканат тасдиқшудаи  оғоз намуд. Гузаронидани дарсҳои амалӣ дар корхонаву марказҳои саноатӣ ва муассисаҳои соҳавии барқ ва баҳри татбиқи илм дар истеҳсолот,  баланд бардоштани дониши донишомӯзон ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз ин дар дар саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузорӣ буда, бо ин тарз ҳамзамон, таҷрибаҳои нав санҷида мешавад.

Вобаста ба ин нақша донишҷўёни ихтисоси 430103-01 – «Таъмини корхонаҳои саноати бо брақ”-и кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханика   аз рӯи ҷадвали дарси амалӣ дар филиали кафера дар назди КВД “Фулузоти нодир Тоҷикистон” дарс хонда,  бо масъулини соҳа мулоқот намуданд.

Дарси мазкур бо дастгирии роҳбарияти донишкада ва ташаббуси мудири кафедраи таъминоти барқ, н.и.техникӣ Абдуллоев М.А. баргузор гардида истодааст, дар он омўзгорони кафедраи таъминоти барқ –Қодиров А. Ваҳобов О. Мирбобоев Р. низ дарсҳои худро аз фанни “Система ва шабакаҳои элекроэнергетика” “Асосҳои технологияҳои электрикӣ” “Қойдаҳои техникаи истифодабари ва БТБ” мегузаранд. Ёдовар мешавем, ки омӯзгори фаъол Ваҳобов О. таҷрибаи бой дар шабакаҳои барқи дошта, метавонад баҳри донишҷӯён дониши бештаре дода бошад.  

Роҳбарияти кафедраи таъминоти барқ минбаъд, низ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузорӣ намуда, баҳри омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи мазкур талош менамояд.