Баргузории онлайн-семинар (вебинар) дар кафедраи Экология

Дар кафедраи Экологияи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, тибқи нақшаи Ассотсиатсияи Байналхалқии Об ва Лоиҳаи Байналхалқии Ҳамоҳангсозии Об Евразия санаи 1-уми апрели соли 2020 соати 1600  ВЕБИНАР (онлайн семинар) оид ба масъалаи ИДОРАКУНӢИ ДАР СОҲАИ ОБ баргузор гардид, ки он бевосита ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 – низ дахл дорад.

Дар он профессорон, омӯзгорон, кормандони Донишкада инчунин донишҷӯёни фаъоли ихтисосҳои кафедра иштирок варзиданд. Баромади маърӯзачиён самтҳои зеринро дар бар мегирифт:

  • Муҳимияти идоракунии хавфҳо ва муайян намудани чораҳои зарурӣ оиди барои бартараф кардани хатарҳо вобаста ба рақамикунонии соҳаи таъминоти об;
  • Дарёфти вариантҳо ва роҳҳои минбаъдаи мубодилаи таҷриба, ки баланд бардоштани устуворнокиро ҳангоми ҷори кардани воситаҳои нави рақамӣ дар амалиётҳои таъминоти об дар кишварҳои рушд ёфта истода таъмин менамояд.

          Дар қисмҳои асосии вебинар  профессорон аз донишгоҳ-шарики Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия ва экспертон аз IWA  маърӯза  намуданд.

          Дар қисми интерактивии вебинар аз тарафи докторанти Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия Захар Малетский муҳокимаи маърӯзаҳо тариқи онлайн гузаронида шуд. Дар ҷараёни он иштирокунандагон метавонистанд ба воситаи сайти махсус фикру ақидаҳои хешро пешниҳод намоянд. Умуман дар вебинар қариби 300 нафар мутахассони соҳа аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

          Ҳамин гуна вебинар дар кафедраи Экология дар нимаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он низ самтҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028 – ро дар бар мегирад.

Ҳоҷибоев Далер

мудири кафедраи эколология