БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАЪРИФАТ”-И ДКМТ

Санаи 22-уми июни соли ҷорӣ дар дар асоси қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз 25-уми майи соли 2023, №2, барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз 7-уми июни соли равон, №36, доир ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ, инчунин, дар асоси ҷадвали алоҳидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, аз 9-уми июни соли ҷорӣ, ҷиҳати баргузории маҷлисҳои болозикр дар ташкилотҳои ибтидоии “Маърифат” – и назди Кумиҷроияи шаҳрӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023, ва корҳои тарғиботиву вазифагузориҳо дар фаъолияти минбаъдаи ташкилот баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва 100 нафар фаъолону аъзоёни ҳизб аз ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлис 7 масъала баррасӣ шуд.
1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Маърифат ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
2.Рафти омодагиҳо ба таҷлили 30 – солагии ҲХДТ
3.Интихоби ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии “Маърифат ”;
4.Интихоби раис ташкилоти ибтидоии “Маърифат ”;
5.Рафти иҷрои сифатноки обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ;
6.Қабули аъзоёни нав ба сафи ҳизб
7.Масъалаҳои ҷорӣ.
Доир ба масъалаи якуми маҷлис, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маърифат”, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуд, баъдан 3 –нафар ба музокира баромада ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Маърифат” баҳои қаноатбахш доданд.
Ҳамзамон тибқи масъалаи дуюми рӯзнома “ Рафти омодагиҳо ба таҷлили 30 – солагии ҲХДТ”, раиси ташкилоти ибтидоӣ ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон баромад намуда, нақшаи чорабинии ташкилотро оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии ҲХДТ-ро ба муҳокимаи фаъолон гузошт. Нақшаи мазкур бо пешниҳоду иловаҳои иштирокчиёни маҷлис тасдиқ карда шуд.
Масъалаи сеюм доир ба интихоби ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоӣ бо тарафдори кулли аъзоён 5 нафар фаъолон ба ҳайати Раёсати ташкилоти ибтидоии “Маърифат интихоб шуд.
Тибқи масъалаи навбатии рузнома Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, Насриддинов Замониддин Зайниддинович- муовини ректори оид ба таълим, Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна- муовини ректор оид ба тарбия, Валиева Мастура Набихоновна-директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, Саидов Анвар Акрамович-муовини раиси ташкилоти ибтидоии “ Маърифат” интихоб шуданд.
Тибқи масъалаи чоруми рузнома оид ба интихоби раис, муовин ва котиби ташкилоти ибтидоии “ Маърифат” Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ- раиси ташкилоти ибтидоии “ Маърифат” , Саидов Анвар Акрамович муовини раиси ташкилоти ибтидоии “ Маърифат”, Қутбиддинова Бирафоат Отабековна- котиби ташкилоти ибтидоии “ Маърифат” интихоб шуданд.
Дар ин радиф масъалаи панҷуми рӯзнома ки рафти иҷрои сифатноки амалиёти “Обуна-2024” ба рӯзномаҳои ҳизбӣ: “Минбари халқ”, “Сухани халқ” ва “Садоқат” аст, андешаронӣ шуда, қарор карда шуд, ки обунашавӣ ба рузномаи сиёсӣ то охири моҳ 100% иҷро карда шавад..
Дар фарҷом нафароне ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон аъзо шуданд, шаҳодатномаи ҳизб супорида шуд.
Ҳамзамон якчанд аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маърифат” бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон қадрдонӣ гардиданд.