Дар ҳама давру замон, омўзгорон ҳамчун сутуни устувори ҷомеа ва меъморони маънавии миллат шинохта шудаанд, ки онҳо бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва муҳаббати беандоза ба шогирдон дар ташаккули шахсияти инсон ва рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба рисолати омўзгорон таъкид намуда, чунин фармудаанд:
«Омўзгор бояд на танҳо донандаи фанни худ, балки мураббии ҳақиқии инсон бошад, зеро тарбияи насли наврас – ин тарбияи ояндаи миллат аст».
Ин суханон рисолати муқаддаси омўзгорро дар ташаккули шахсияти насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим равшан месозанд, ки омўзгорон бо меҳнати фидокорона, сабру таҳаммул ва масъулияти бузург шогирдонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунанд, арзишҳои миллӣ ва инсониро дар қалби онҳо ҷой медиҳанд.
Омўзгор ҳамчун роҳнамо, устод ва тарбиягари насли наврас нақши калидӣ дар ташаккули арзишҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангии донишҷуён мебозад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ахлоқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ эътироф шудааст.
Тарбияи ахлоқӣ раванди мақсадноки ташаккулдиҳии арзишҳои ахлоқӣ, сифатҳои нек, рафтори ҳамида ва муносибати дурусти инсон ба худ, дигарон ва ҷомеа мебошад.
Дар Консепсияи миллии тарбия таъкид шудааст, ки тарбияи ахлоқӣ бояд дар рўҳияи инсондўстӣ, раҳмдилӣ, ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба калонсолон, ватандўстӣ ва арзишҳои миллӣ сурат мегирад, ки моҳияти тарбияи ахлоқӣ дар он аст, ки он на танҳо донишҳои ахлоқиро ба донишҷуён меомўзонад, балки сифатҳои ахлоқиро дар рафтори амалии онҳо шакл медиҳад, ки ин раванд аз се ҷанбаи асосӣ иборат аст:
- ҷанбаи маърифатӣ;
- ҷанбаи эҳсосӣ;
- ҷанбаи рафторӣ.
Омўзгор бояд худ намунаи ахлоқи ҳамида бошад, зеро донишҷуён бештар аз рафтори амалии омўзгор меомўзанд, на аз суханони ў. Тибқи таълимоти бузургони мо, «омўзгор оинаи ҷомеа аст» ва рафтори ў ба донишҷуён таъсири бевосита дорад.
Омўзгор вазифадор аст, ки дар синфхона ва муассисаи таълимӣ муҳити ахлоқӣ эҷод кунад, ки дар он эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар ҳукмфармо бошад.
Омўзгор бояд аз усулҳои гуногуни тарбиявӣ, аз ҷумла сўҳбат, мисолҳои таърихӣ, вазъиятҳои ахлоқӣ, муҳокимаҳои гурўҳӣ ва дигар усулҳо истифода барад, ки ба ташаккули арзишҳои ахлоқӣ мусоидат мекунанд.
Омўзгор бояд корҳои тарбиявиро ба таври мунтазам ташкил кунад, ки аз ҷумла соатҳои тарбиявӣ, вохўриҳо бо шахсиятҳои барҷаста, сафарҳои илмӣ-фарҳангӣ, иштирок дар корҳои волонтёрӣ ва дигар чорабиниҳои тарбиявӣ.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбияи фарзанд вазифаи муштараки падару модар, омўзгор, давлат ва ҷомеа мебошад.
Бинобар ин, омўзгор бояд бо волидон ҳамкории зич дошта бошад, то раванди тарбияи ахлоқӣ пайваста ва самаранок бошад, зеро омўзгор вазифадор аст, ки рафтори ахлоқии донишҷуёнро назорат кунад, дар сурати зарурӣ машварат диҳад, роҳнамоӣ кунад ва барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои тарбиявӣ андешад.
Омўзгор дар тарбияи ахлоқии донишҷуён нақши калидӣ мебозад, ў на танҳо омўзгори илму дониш, балки тарбиягари ахлоқӣ, роҳнамои маънавӣ ва намунаи ибрати донишҷуён мебошад.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии тарбия, тарбияи ахлоқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ эътироф шудааст, ки барои самаранок будани тарбияи ахлоқӣ, омўзгор бояд худ намунаи ахлоқи ҳамида бошад, аз усулҳои гуногуни тарбиявӣ истифода барад, бо волидон ва ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад, ба шароити муосир мутобиқ шавад, ба ҳар як донишҷў эътибори инфиродӣ диҳад.
Ҳар як мутахассиси соҳа – табиб, муҳандис, иқтисоддон, сиёсатмадор, олим – аз дасти омўзгор тарбия гирифтааст. Омўзгорон дар ташаккули неруи зеҳнии кишвар, дар таҳкими пояҳои илмӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши беназир доранд. Бе омўзгори фидокор, насли наврас наметавонад ба қуллаҳои баланди илму маърифат бирасад.
Раҳматов Абдумавлон
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
