Баргузории дарси кушоди омӯзгори фаъол декани факултет Саидов Мустафохон

Дирӯз дар синфхонаи 301-и бинои асосии донишкада дарси кушоди декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ дотсент Саидов Мустафохон аз фанни “Баҳисобгирии муҳосибӣ – идоракунӣ” дар мавзӯи “Навишти дутарафа ҳамчун инъикоси дутарафаи ҳар як ҷараёни хоҷагӣ” барои донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси ” баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат” баргузор гардид, ки дар он сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот дотсент Юсупов Хуршед, мутахассиси раёсати таълим Шарипов Хуршед, мудири кафедраи менеҷмент дотсент Собирова Шукриниссо, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон, муовини декани факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ оид ба таълим Шеров Зоҳир, муовини декани оид ба тарбияи ҳамин факултет Ҷӯраев Некрӯз, муовини декан оид ба илми ҳамин факултет Ахмедова Гулшан, омӯзгорони калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Раҳматов Абдумавлон ва Назарматов Авазбек , омӯзгори калони кафедраи менеҷмент Ҳоҷибоева М. ва дигарон ширкат варзиданд.
Дарсро омӯзгор оғоз намуда, аввал моҳият ва мақсади мавзӯъро шарҳ дода, сипас мавзӯи баррасишавандаро ба таври комил бо усули ба хеш хос фаҳмонид, ки донишҷўён дар фаҳми мавзӯъ мушкил накашиданд.
Зимни баргузории дарс донишҷўён аз худ фаъолмандӣ нишон дода, ба суолҳо бисёр хуб посух доданд, ки шаҳодат аз фаҳму дарки фанни таълимӣ буд.
Ҷараёни баргузории дарси омӯзгор Саидов Мустафохонро ҳозирин баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ҳамин усули тозаи тадрис дар дигар ихтисосҳо низ ҷорӣ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории дарсҳои кушод дар донишкада тибқи ҷадвал ба роҳ монда шудааст ва дар он тамоми омӯзгорон метавонанд фаъолона ширкат кунанд.