ҲАФТ АХТАР ҲАФТ БУРҶИ РОҲИ НУР! Парчами давлатӣ рамзи иттиҳод ва қудрати миллати тоҷик аст

ДУШАНБЕ, 22.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.   Миллати сарбаланди тоҷик аз оғози тамаддуни ҷаҳонӣ давлатдору соҳибпарчам буд ва ҳамин анъана то ба имрӯз омада расидааст. Ҳарчанд дар масири таърих бегонагон империяҳои бузурги тоҷиконро барҳам заданд, лек нангу номуси тоҷик, ғурури баланду тоҷикият нагузошт, ки миллат  аз байн раваду забону фарҳанги тоҷик нест шавад.Парчам ва парчамдорӣ низ моли миллати сарбаланди тоҷик аст, ки аз давлатдории қадимии он шаҳодат медиҳад,- чунин нигоштааст Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Андешаҳои муаллифро дар зер пешниҳод менамоем.

— Пас аз ҳазор соли бедавлативу ташвишу муборизаҳо, шикасту пирӯзиҳо ниҳоят миллати тоҷик дубора соҳиби давлати миллӣ гардид ва истиқлолияти хешро эълон  намуд. Аммо дар ҳамин шабу рӯз низ буданд нафароне, ки мавҷудияти давлати мустақили тоҷиконро намехостанд, ки дар натиҷа бо иғвои онҳо ҷумҳурӣ ба ҷанги таҳмилӣ гирифтор шуд. Маҳз дар ин ҳамин шабу рӯз, дар айни амалишавии нақшаи душманони миллат барои нестии давлати тоҷикон фарзанди барӯманди миллат, тоҷики асил, абармарди арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданду миллатро аз мушкилот ва давлатро аз нестӣ наҷот доданд. Маҳз, ғурури тоҷикӣ ва фарҳанги волои тоҷикият сабаб гардид, ки давлати навини тоҷикон наҷот ёбад. Ва ин ҷо хидмати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузургу сутуданӣ аст. Таърих ҳаргиз ин ҷонфидоӣ ва бузургии Сарвари муаззами мамлакатро фаромӯш намесозад ва ин давра даври тиллоӣ маҳсуб мешавад.

Баробари интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон замон барои муайян намудани рамзҳои давлатӣ талош намуданд ва дар ҳамин ҷаласа рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 тасдиқ  шуд. Маҳз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун рамзи ягонагиву ваҳдати миллати тоҷик моро муаррифӣ менамояд.

Парчам ё дирафш барои миллати тоҷик вожаи муқаддас аст. Аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ тоҷикон ин анъанаро расмият дода буданд, ки миллати соҳибдавлат ва дорои қудрати сиёсӣ бояд Парчами худро дошта бошад ва дар фарҳанги миллии мо парчам  нишони қудрат ва тавонмандӣ низ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз замони қадим то имрӯз миллати тоҷик ба Парчам эҳтиром мегузорад ва ҳамеша онро чун нишони воло ҳифз менамояд.

Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин чиз дар тамоми маъхазҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Фарҳангсолорӣ ва муаллими башар ҳисобидани миллати тоҷик дар сарчашмаҳои таърихӣ далели миллати куҳанбунёд ва соҳибмақом будани гузаштагони мо аст. Парчамро гузаштагонамон нахуст ҳамчун нишони иттиҳоду ваҳдат ва рамзи мустақилияти хеш истифода менамуданд, ки ин гувоҳ аз доштани маданияти баланд ва хотираи таърихии бой мебошад.

Ровиёни таърих ва муҳаққиқон парчами давлатдории тоҷиконро бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» ё  «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёд намудаанд.

Эҳтироми миллат нисбат ба парчам бисёр баланд аст ва ҳамин аст, ки бисёр ҳам ҷиддӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ мешавад. Дар бисёр маврид поён фаровардани парчам дар минтақаҳои забтшуда бешарафӣ ҳисобида мешавад ва аз ҷониби дигар, беэҳтиромӣ нисбат ба Парчам беэҳтиромӣ нисбат ба миллат дониста мешавад.

Ҳамин аст, ки нақши Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон бисёр баланд арзёбӣ гардидаву шоирон ба он шеърҳои зиёд бахшидаанд.

Аз ҷумла, шоири хушноми тоҷик Камол Насрулло дар ин маврид хеле олӣ фармудааст:

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!
Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!
Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!
Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!
Аз Фаридуни ҳазоронсола пеш,
Халқи моро ҷилваи болу пар аст!

Оре, нақш ва мақоми Парчами давлатӣ дар оини давлатдорӣ бисёр баланд аст ва афкори миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунсозу башардӯст дар ин масъала мусбат аст. Миллати сарбаланди тоҷик аз гузаштаи хеле дур то имрӯз ин рамзи қудрат ва номусу мардонагиро ҳифз намудааст ва бояд мо низ ин фарҳангро пос дорем.

Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ ба мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!…

Шоири тавонон ва накӯном Ҳақназар Ғоиб ин мисраъҳоро сурудааст, ки ишора ба ҳамон таърихи бузург ва рамзи Парчами миллати қадимии мо дошта, нақши фарзандони баномусро муҳим меҳисобад.

Воқеан ҳам доштани Парчами давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик бисёр муҳим ва зарурӣ буда, рамзи ягонагиву ваҳдат, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва қудрати комилу тавонмандии сиёсӣ мебошад. Насли ҷавонро мебояд, ки дар эҳтиром гузоштан ба он ва ҳифзи арзишҳои миллӣ хеле фаъол бошад.

Ҳифзи Парчами давлатӣ, пок нигоҳ доштани он ҳифзи номус ва пок нигоҳ доштани номи Тоҷикистони азиз аст!

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ 

АКС: АМИТ «Ховар»

Манбаъ: АМИТ “ХОВАР”