АҚЛ РАФТАВУ ДИЛ МОНДА БА ҒУРБАТ

ё чаро непрофисионализми Ғурбатӣ “жаренный факт” барои созмонҳои грантҷӯ шуд?

Чандест, ки рӯзноманигорони мустақил аз қазияи сохтаи Абдулло Ғурбатӣ ба ном рӯзноманигори мустақил, ки на дипломи соҳаро дораду на асосҳои фаъолияти касбии рӯзноманигориро медонад, ҳангома сохтани мешаванд ва мехоҳанд, то ин ҳолатро ҳамчун як фишор ба ҷомеаи рӯзноманигории кишвар муаррифӣ кунанд. Аммо чӣ кунем, ки ҳақиқат бошад, чизи дигар мегӯяд. Зеро Ғурбатӣ бори аввал нест, ки бо истифода аз шиносномаи рӯзноманигорӣ ба  ҷавонон таҳдид мекунад ва аз лафзи дағалу ғайриинсонӣ истифода менамояд, ки комилан муқобили меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ низ ҳаст. Лек аз ҷониби дигар ин намояндаи рӯзноманигорони мустақил фаромӯш кардааст, ки на дар ҳама ҳолат мешавад ба ҳарими шахсӣ беиҷозат ворид шуд ва аксу навор бардошт.

Дар қазияи охири Ғурбатии ба ном рӯзноманигор ва дар асл як ҳанноту авбоши сари кӯча сару садоҳои зиёде пайдо шуданд ва ҳатто ин рӯзноманигораки дур аз фарҳанги рӯзноманигорӣ хостори ба ҷавобгарӣ кашидани сокинон низ шуд.

Аммо қазияи ин аст, ки Ғурбатии беҳунар ва дур аз фаъолияти рӯзноманигорӣ ба назди сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон рафта, беиҷозат ва беогоҳкунӣ ба навор гирифтани сокинонро шурӯъ кардааст ва албатта дар минталитети мо ин гуна иҷозат нашудааст, ки занеро ҳини либосшӯӣ беиҷозат навор бигирӣ! Намедонам шояд дар хонаи Ғурбатӣ чунин бошад, ки касе мехоҳад аз хонумони хонааш ба таври дилхоҳ навор гирифту аксбардорӣ кард, лек дар ҷомеаи мутамаддин чунин амал раво нест?! Аз ҷониби дигар  огоҳ накарданаш сабаби нороҳат шудани шавҳари ҳамин зан шудаву бо Ғурбатӣ дар  дуруштгуфторӣ афтодаанд, ки ин ҳолат неожурналисти моро Ғурбатаки нодонаку бесаводакро хашмгин кардааст ва ӯ даст бардошт бар сари аҳолии осоишта, то қасд гирад. Вале фаромӯш намуд, ки дар ин қазия на сокинон ва на каси дигар, балки худаш гунаҳкор аст, худаш ғайрикасбӣ рафтор кардааст.

Дар куҷо навишта шудааст, ки рӯзноманигор беогоҳӣ сабт кунад ва он ҳам боз сокинони аз офати табии зарардидаро?

Агарчӣ маълум аст, ки ин афрод асло тавони гуфтор бо матбуот ва расонаҳоро надоранд ва вазъ маълум аст, ки онҳо дар ҳолати асабонияти сахт қарор доранд, аммо бар иззати нафси онҳо расидан ҳам аз ҷониби як рӯзноманигораки бекасбият худ ҷиноят аст. Ҳамин рафтор худаш аллакай бозгӯ мекунад, ки дар ҳақиқат ҳам Ғурбатии бесавод нодуруст рафтор кардааст ва муносибаташ ғайрикасбист, вале чаро боз баъзе рӯзноманигорон аз ӯ дифоъ карданӣ мешавнад?

Ҳамон нафароне, ки аз ӯ имрӯз ҳимоят мекунанд, иҷозат медиҳанд, ки Ғурбатӣ аз ҳамсари онҳо ба чӣ гунае, ки мехоҳад беиҷозат аксбардорӣ кунад?

Ҳамон нафароне, ки аз ӯ ҳимоят мекунанд, медонанд, ки меъёрҳои ахлоқиву касбии рӯзноманигор чист?

Ҳамон нафароне, ки ин қазияро ба манфиати худ бозтоб мекунанд, медонанд, ки Ғурбатии бемаърифат бар номуси мардум таҷовуз кардааст?

Ҳимоятгарони муҳтарам ва донандагони касби журналистика то кай аз қазияи сари кӯча ба хотири журналист будани як авбош ва бадгуфтору беадаб сӯистифода мекунед ва бонг мезанед, ки ин фишор бар ҷомеаи рӯзноманигорӣ аст? Агар воқеан ҳам мехоҳед аз Ғурбатии беҳунар ва дур аз доираи журналистика дифоъ кунед, пас ба хотири ҳимоят аз ӯ зану ҳамсарани худро, ки номуси онҳо дар дасти шумост урён намуда, дар кӯчаҳо аксбардорӣ кунед, то бифаҳмем, ки мақсади Шумо чист?

Кӣ гуфта метавонад, ки ин Ғурбатӣ гуноҳ надорад?

Ин ҳам дар ҳоле, ки гуноҳаш сад дар сад исбот шудааст ва ҳамчунин маълум шудааст, ки қоидаву гуфтору рафторро намедонад, беиҷозат навор гирифтааст, беиҷозат ба ҳарими шахсӣ дахолат кардааст, беиҷозат бар зиндагии мардуми офатдидаву азияткашида дахолат кардааст. Оё Шуморо як маротиба виҷдон азоб намедиҳад, созмонҳои дифоъ ва ҳимояткунандагони непрофисионализм?

Магар дилатон бар ҳоли инсон намесӯзад ё Шуморо дигар грантҳои созмонҳои хоричӣ маст кардаасту бар қазияи миллат бепарво ҳастед? Ҳаёти сокинони кишвар шуморо дар ташвиш намегузорад?

Мефаҳмам, ки ба хотири гранту  маблағҳои ҳангуфт мехоҳед ин ҳолати ғайрикасбии ҳамкасбакатонро ҳангома сохат грант ба даст оред, аммо фаромӯш накунед, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва ҳатман шарманда хоҳед шуд. Бовар кунед, бо расонаӣ кардани ин қазия худрову журналистикаи тоҷикро шарманда кардед. Наход, рӯзноманигори мустақил оддитарин меъёрҳои касбиро надонад?

Оё ҳамин аст мактаби рӯзноманигории мустақил?

Агар виҷдонатон азоб намедиҳад, агар рисолати касбиро фаромӯш карда бошед, пешниҳод мекунам, ки ҳайкали “бесаводӣ” дар даромадгоҳи муассисаи иттилоотии худ бизанед, то маълум шавад, ки воқеан ҳам рӯзноманигорӣ то чӣ ҳад аз ҳавои грант маст шудаасту нисбат бар сокинон бепарвост!

Зеро чуноне, ки мушоҳида менамоем, ин рафтор ва амали шумо муҳтарам ҳимоятгарони Ғурбатӣ бештар мақоли “Каргас аз пушти гург зистааст”-ро мемонаду халос. Агар воқеан ҳам инсоф доред, дилатон бар Ғурбатӣ месӯзад, ӯро тарбия кунед на аз пушти ӯ шикампарварӣ!

Дилмуроди Вафо

воқеънигор