Аз ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯёни бахши 2 дар ҶДММ КМ “Апрелевка”

Дирӯз, донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси металлургияи металлҳои рангаи факултети металлургия зери роҳбарии омӯзгорони фаъол Раҳими Ҳаёт ва Фаридаи Амонулло таҷрибаи таълимию шиносоии хешро дар корхонаи ҶДММ КМ “Апрелевка” оғоз намуданд. Донишҷӯён нахуст бо техникаи бехатарӣ ошно карда шуданд ва сипас аз сехҳо, марказҳои кории истихроҷ, озмоишгоҳ ва дар умум шуъбаву бахшҳои ин коргоҳ дидан намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҶДММ КМ “Апрелевка” филиали кафедра вуҷуд дорад ва ин барои бештар азхуд намудани донишҳо ва шинос шудан бо раванди истеҳсолот мусоидат менамояд.