Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи донишкада бо ширкати ректор профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар толори калони донишкада ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳа баргузор гардид, ки дар он ҳама омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд. Ҷаласаро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, нахуст ҳисоботи муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддинро роҷеъ ба таълим ва нақшаҳои оянда, дурнамои барномаҳои корӣ шунид.
Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Шаҳноза аз фаъолияти шашмоҳаи бахш илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ гузориш дод.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда перомуни фаъолият самти тарбия, сардори қисми хоҷагию маъмурӣ оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва деканони факултетҳо гузориш доданд. Деканҳои факултетҳо Самадова Г.М., Қозиев К.С., Шамсиддинов Ш., Саидов М.К. дар гузориши худ қайд намуданд, ки тамоми синфхонаҳо ва роҳравҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардаанд.
Ҳамчунин, раиси иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад низ оид ба фаъолияти Иттифоқи касаба ва нақшаҳои оянда гузориш дод.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ фаъолияти ҳамаи самтҳоро қаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта нақша-чорабиниҳо тартиб дода шавад.
Ҳамчунин, ба ҳамаи омӯзгорону кормандон таъкид карда шуд, ки донишҷӯёнро ба олимпиадаи фаннӣ омода созанд.


Шуъбаи иттилоот