Рӯзномаи “Маъданшинос”

Рӯзномаи “Маъданшинос”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дарназардошти шумораҳои ҷашнӣ дар як моҳ як маротиба бо теъдоди ҳазор нусха ба нашр мерасад. Дар рӯзнома омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯён мақолаҳо, очерку лавҳаҳо ва шеърҳо аз эҷодиёти худ мунташир месозанд. Ҳамчунин, хабару гузоришҳои муҳим, мусоҳибаҳо бо олимон ва омӯзгорони муваффақи Донишкада дар рӯзнома ба нашр расонида мешавад.

Ба ҳайати мушовараи рӯзнома, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ-ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Давлатзода Давлат Сангин-муовини аввали ректор, Раҳимова Шаҳноза Каримовна-муовин ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, Мирзозода Воҳид Мирзо- муовини ректор оид ба корҳои ворид карда шудаанд.

Рӯзномаи “Маъданшинос” аз кашфиёту ихтироот то назару дидгоҳи олимону пажӯҳишгарони ҷавон, навгониҳои илму маорифро ба нашр мерасонад ва ба як пора таърихи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар рӯзномаи “Маъданшинос” матолибе низ ба нашр мерасанд, ки идораи нашрия зимнан метавонад бо муаллифон ҳамқадам ва ҳамфикр набошад ва масъулияти онро ба дӯш намегирад.

Рӯзномаи “Маъданшинос” аз соли 2014 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба нашр мерасад ва  дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.