Мулоқоти онлайнии роҳбарияти донишкада бо намояндагони донишгоҳҳои Чин

Санаи 24-уми июн роҳбарияти донишкада зери сарварии муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо намояндагони донишгоҳҳои Чин мулоқоти онлайнӣ баргузор намуданд. Дар мулоқоти мазкур муовини аввали ректорро ҳамчунин директори Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада Валиева Мастурахон, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил ҳамроҳӣ намуданд. 

Аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин бошад, ба ҷуз намояндагони донишгоҳҳо боз директорони корхонаҳои саноатӣ ширкат намуданд.

Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба, густариши равобити илмӣ ва ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ изҳори андеша намуданд. 

 

 

Шуъбаи иттилоот