ДАР ДОНИШКАДА ОЗМОИШГОҲИ НАВИ РАВШАНКУНОНИИ БАРҚӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Имрӯз, дар кафедраи таъминоти барқи факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи нави равшанкунонии барқӣ таъсис дода шуд. Дар ҳусни ифтитоҳи озмоишгоҳи нав ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин ва дигар аъзоёни Шурои олимон ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳ имкониятҳои озмоишгоҳро мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгорони ҳамин кафедра ҷараёни кори озмоишгоҳ ва тарзи корбурд ба ҳозирин фаҳмонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таваҷҷуҳ ба таъсис ва навсозиҳои озмоишгоҳҳои соҳавӣ бештар гардида, дар ин давра дар Донишкада озмоишгоҳҳои нав ва муосир таъсис дода шуд.

Шуъбаи иттилоот