Имрӯз, дар толори хурди факултети электромеханикаи Донишкада зери раисии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимон масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо корхонаҳои муқтадири хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тақвият додани маҳорати касбии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, таълифи адабиёти илмӣ, рушди илмҳои дақиқ дар Донишкада, иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкада, баррасии рушди Стратегияи моликияти зеҳнӣ, иҷроиши барномаи омода сохтани кадрҳои илмӣ – педагогӣ, , баррасии иҷроиши дурнамои корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ, баррасии иҷроиши банҳои Стратегияи иқтисодиёти сабз, навиштани рисолаҳои илмӣ, гирифтани патентҳо барои ихтироот, баррасии вазъи омодагии корҳо бахшида 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ғайра мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳар як масъаларо бо ҷиддият ва тибқи низнома мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор дошт, ки мо бояд барои рушди Донишкада талош намоем, рисолаҳои илмӣ нависем ва корҳои таҳқиқотӣ анҷом бидиҳем ва бар саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назарраси хешро гузорем.
Зимни баоргузории ҷаласаи навбатии Шурои олимон гузориши мудири кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҳоҷибоев Далер, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм Холова Фахринисо ва мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон шунида шуд.
Ба ҳар як масъала аъзои Шурои олимон изҳори андеша намуда, барои беҳбудии кор ва рушди соҳа бо дилу нияти нек изҳори назар намуданд.
Шуъбаи иттилоот
