ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОЛИЁТИ САНОАТӢ
Декани факултет: Саидов Мустафохон Каримович
Таҳсил:Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ
Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.
Тел: +992 92 825 95 99
E–mail:Said_1987-87@mail.ru
Суроғаи корӣ: Бинои асосӣ, утоқи № 316
Аз ин хотир аз 01.01.2021 дар сохтори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тағиротҳо ворид гардид, ки ин ҳам бошад дар сохтори донишкада факултети тоза интихоб яъне факултети иқтисодиёти саноатӣ ворид гардид. Ин ҳам бо дастгирии ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ саҳми беназир доранд. Факултети иқтисодиёти саноатӣ аз 01.04.2021 ба фаъолият шӯруъ намуд.
Факултети иқтисодиёти саноатӣ тибқи қарори Шӯрои олимон аз 28.12.20с. № 5 ва бо фармони № 263 аз 11.01. 21с. ташкил карда шудааст.
Факултет фаъолияти худро тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Қонуни ҶТ Дар бораи маориф, Қонуни ҶТ Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Консепсияи миллии маълумоти ҶТ, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.
Дар давоми фаъолияташ факултет аз рӯи якчанд Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, дастуру супоришҳо ва Фармонҳои Президенти ҶТ, фармонҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои расмӣ оиди раванди таълиму тарбия ва илм сармашқи фаъолияти худ намудааст.
Сохтори факултет
Имрӯз факултет фаъолияти шуъбаҳо ва кафедраҳои зеринро муттаҳид месозад:
- -Шурои олимони факултет;
- -Шурои илмӣ-методӣ;
- -садорати факултет;
- -созмони ҷавонон;
- -шурои занони факултет;
- -шурои собиқадорони меҳнат;
- -кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ;
- -кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ;
- -кафедраи фанҳои гуманитари-иҷтимоӣ;
- -кафедраи менеҷмент.
Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд:
- 270101-09 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот
- 570102 – Менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат
Ҳайати кории факултети иқтисодиёти саноатиро 24 омӯзгорон аз инҳо 1 нафар профессор, 10 нафар номзадони илм ба ҳисоб мераванд. Дар факултет зиёда аз 320 нафар донишҷуён таҳсил мекунанд, ки 20 нафари онҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсили худро давом дода истодаанд.
Маълумот барои довталабон
Ба диққати хатмкунандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва коллеҷу техникумҳо! Факултети иқтисодиёти саноатӣ Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маркази бонуфузи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯи ихтисоси 270101-09 иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот ва 570102- менеҷменти экологӣ ва аудити экологӣ дар саноа мутахассисони соҳавиро омода месозад. Донишҷӯён дар давоми таҳсил дониши назариявӣ ва амалии худро барои такмил додан дар доираи ҳамкориҳои тарафайн ба мактабҳои олии техникии Норвегия, Юнон, Хитой, Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон рафта, таҳсили худро идома медиҳанд. Агар хоҳед, ки донишҳои замонавӣ ва технологияҳои муосири инноватсиониро аз худ намуда, дар амалисозии ҳадафи чоруми давлатӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузор бошед, пас, факултети иқтисодиёти саноатии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед! Рамзи Донишкада – 201 аст! кластери 2.