Сардори марказ: Шербоев Муродҷон Ашуралиевич
Почтаи электронӣ: ashuralizoda.91@gmail.com
Таҳти фармоиши ректори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз 26.01.2022 с., №263 ҲК шуруъ аз санаи 01.02.2022 с. дар заминаи маркази ташхис ва хизматрасонии техникаи компютерии донишкада маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (минбаъд Марказ) таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Марказ ин таъмини кори бефосилаи инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии (ТИК) донишкада ва пешниҳоди хизматрасонии босифат барои хизматрасонии компютерҳо ва захираҳои шабакавӣ аст.
Аз тарафи кормандони Марказ ҷиҳати хуб ба роҳ мондани раванди истифодабарии ТИК байни истифодабарандагон (донишҷӯён, кормандон) пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Кормандони Марказ пайваста аз навгониҳои ТИК хабардор гашта дониш ва малакаи худро такмил менамоянд. Ҳамчунин базаи барномаҳо (нармафзорҳо) ва системаҳои оператсионӣ дар донишкада мунтазам азнавсозӣ (обновление) карда мешавад. Дар тамоми технологияҳои иттилоотии донишкада бо назардошти имкониятҳои техникии онҳо намунаҳои охирони барномаҳо ва системаҳо насб када шудааст.
Дар тамоми дастгоҳҳои ТИК – и донишкада Марказ системаҳои оператсионӣ ва барномаҳои оффисии фаъолшударо насб менамояд. Дигар барномаҳое, ки дар раванди таълим истифода бурда мешаванд, намунаи литсензионии онҳо насб карда, ҳолати кории онро пурра назорат менамояд.
Барои гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ тариқи маркази тестӣ барномаи махсус тартиб дода шудааст, ки Марказ дар якҷоягӣ бо Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ онро такмил дода дар компютерҳои синфхонаҳои он насб намуданд.
Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар пеши худ мақсад гузоштаст, ки ташкили фаъолияти кормандон, ҳайати профессориву омӯзгорӣ, унвонҷӯён, донишҷӯён ва сохторҳои таҳқиқотии донишкада дар соҳаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таълимӣ ва чорабиниҳои илмиву ташкилӣ дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотиро дар донишкада ба роҳ монад. Ҳамчунин таъмини ҳолати кории парки технологияҳои иттилоотии донишкадаро таъмин менамояд.