ИЗҲОРОТИ УСТОД М. АБДУСАЛОМОВ: ТТЭ ҲНИ МАКТАБИ ҲИЛЛАВУ НАЙРАНГИ ТЕРРОРИСТӢ!

Имрӯзҳо бараъло мушоҳида мешавад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо ҳиллаву найранг машғул шуда, зери ниқоб баромад карда, талош мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд. Ҳоло ҳар як аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, то ҷомеаро фирефта сохта гумроҳ гардонанд. Мисоли равшани ин ҳолатро мо дар таъсиси шабакаҳои иттилоотии ифротӣ аз ҷониби наҳзатиён дида метавонем, ки чӣ тавр бо маълумоти бардурӯғ мехоҳанд дасисабозиву ифротгароӣ кунанду мафкураи ҷомеаро махлут созанд.

Маълум аст, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мавриди ҳамлаи хеш қарор додаанд ва ҳамин аст, ки зиёдтар сари ин масъала кӯшиш мекунанду ба гумроҳсозии ҷавонон бо нашри матлабҳои бардурӯғ ва ифротӣ мепардозанд. Зеро мақсади аслии наҳзатиён ин гумроҳ сохтани ҷавонон мебошад, то дар оянда бар зидди душманони миллат муқобилият нишон надиҳанд. Аммо миллати тоҷик, махсусан қишри ҷавон хуб медонанд, ки наҳзатиён кистанду барои кадом хоҷа муздурӣ менамоянд.

Ҳоло ҳамин нуктаро бояд зикр кунам, ки имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНи, ки душманони аслии миллату давлати тоҷикон ба ҳисоб мераванд, дигар миллатро фиреб дода наметавонанд, зеро ҳама хиёнату душманияшон бар алайҳи миллат исбот шудааст ва инро ҳамагон медонанд.