ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ: НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!

Яке аз хатарҳои бисёр ҳам таҳдидкунандаи афкори ҷомеа ин андешаҳои ифротӣ мебошад, ки ҳоло таъсири манфияш дар баъзе кишварҳо бараъло мушоҳида мешавад. Ифротгароӣ имрӯз як хатари ҷиддӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби дигар таҳдид бар мафкураи солим низ ҳаст.

Ифротгароён ҳамеша талош мекунанд, то бар фарҳанги солими ҷамъиятӣ халал расонида, андешаи солимро аз байн бубаранд ва нигоҳи ифротиву назари манфиро бар арзишҳои муқаддаси ҷамъиятӣ эҷод кунанд ва дар аксар маврид ҳамин гурӯҳҳои ифротӣ оқибат бар гурӯҳҳои террористӣ табдил меёбанд, ки воқеан ҳам як промлемаи мушкили ҷомеа мебошад.

Дар мисоли ТТЭ ҲНИ низ ҳамин чизро мешавад тасдиқ кард, ки чӣ тавр як гурӯҳи ифротӣ дар як муддати кӯтоҳ ба як созмони террористӣ табдил ёфту чӣ қадар ашхоси бегуноҳро ба қатл  расонид. Ҳамлаҳои террористии ТТЭ ҲНИ хеле зиёд аст, ки аз ҳамон мафкураи носолими ифротӣ сарчашма мегирад ва имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамкорони аслии террористони байналмилалӣ гардидаанд, ки бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад.

Мо омӯзгорони кафедра ин рафтори нодурусту ифротии наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!