Санаи 19 декабри соли равон дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Бӯстон мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо ҷавонони фаъол таҳти унвони “Экстремизм ва терроризмро маҳкум менамоем!” доир гардид.
Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои шоиста ҷиҳати пешгирии шоимилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротӣ ибрози назар намуд.
Гуфта шуд, ки ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати тоҷик муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон “боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонро омода ва идора менамоянд”.
Роҳбари шаҳр оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ва бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ибрози назар намуда, зикр дошт, ки ҷавонони саодатманди мо мунтазам дар амри татбиқи муваффақонаи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, дар ин ҷода ташаббусҳои неку наҷиб нишон дода истодаанд.
Баъдан ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр туҳфа ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.
Сипас, як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр, гирандагони спитендияи Президентӣ, стипендияи раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Бӯстон, ғолибони озмун ва олимпиадаҳои гуногунсатҳ, мутахассисони ҷавон изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баён дошта, изҳор доштанд, ки ҷавонони шаҳри Бӯстон ҳамагуна зуҳуроти номатлубро аз қабили терроризм ва экстремизм шадидан маҳкум менамоянд.
Аз ҷумла устоди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Ҳаётқул Раҳимов, донишҷӯи донишкадаи мазкур Ваҳдатшо Мариншоев, хонандаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Манижа Ёқубова, Қамариддини Бахтиёр донишҷӯи шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, омӯзгори ҷавон Надима Шонасратова, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр Саломати Ҷовидон, Ойидамоҳи Наҷот, Меҳрангез Исмоилзода ва дигар ҷавонон қотеъона изҳор доштанд, ки зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз ҷумла терроризм ва экстремизмро дар кадом шакле набошад маҳкум менамоянд.
Дар интиҳо мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода оид ба пуштибонӣ ва дастгирии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуда, изҳор дошт, ки мо ҷавонон ҳамеша пайравони Пешвои муаззами миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд.