БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 27.11.2026 дар маҷлисгоҳи хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон бо иштироки ректор Давлатзода Давлат ва аъзои Шуро  баргузор гардид.
Ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақамикунонии раванди таълим, истифодаи усулҳои муосир дар раванди таълим  ва пешбурди корҳои тарбиявӣ  суханронӣ намуд. Ҳамчунин, мавсуф роҷеъ ба дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар соҳаи илму маориф ёдовар шуда, саҳми Пешвои муаззами миллатро дар ин самт басо арзишманд ва ғамхории падарона арзёбӣ кард.
Сипас, роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа оид ба вазъи таъминоти моддӣ-техникӣ ва методии озмоишгоҳҳои таълимӣ- илмӣ, оид ба фаъолияти таълимӣ-методӣ ва беҳдошти сифати таҳсилот, оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, оид ба Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  “Танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ,  омодасозии кадрҳои илмӣ – педагогии унвондор дар Донишкада, фаъолияти бахши муҳосибот дар давраи соли хониши 2025-2026, интизоми меҳнат ва риояи талаботи Кодекси меҳнат аз ҷониби кормандон, таъсиси марказҳои нави ёрирасон, табодули академии донишҷӯён бо муассисаҳои олии хориҷӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баҳсу баррасӣ сурат гирифт.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимон оид масъалаҳои баррасишаванда муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори раёсати молия ва ҳисобдорӣ Содиқова Наргис, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Аҳмадзода Аваз ва дигар масъулон гузориш доданд.

Дар интиҳои ҷаласа ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат  оид ба омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, густариши ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ,  дастгирии донишҷӯён, тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва фароҳам намудани шароити мусоид ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Шуъбаи иттилоот