Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат бо олимони фаъоли Донишкадаи илмҳои геологии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобоҷонов Хушназар ва Мирзоҷонова Саодат мулоқот намуд. Ректори Донишкада, нахуст аз имкониятҳои зиёди илмӣ, озмоишгоҳҳои таълимии тавонмандиҳои интишорот суханронӣ намуда, сипас, роҷеъ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамгироии илмӣ, табодули таҷриба, баргузории семинару вебинарҳои муштарак, таҳқиқотҳои геологӣ, шарикии устувор гуфтугӯ намуд.
Таъкид карда шуд, ки тавонмандиҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати густариши равобити байналмиллалӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ фаровон буда, метавонад бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷ дар сатҳи байналмиллалӣ пажӯҳишҳои илмӣ бигузаронад.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар буда, айни замон бо зиёда аз 69 донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи байналмиллалӣ ҳамкорӣ дорад.
Шуъбаи иттилоот
