Шоми санаи 16-уми ноябр дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили иқтисодчиён баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, декани факултети металлургияи Раҳимзода Шукринисо, мудирони кафедраҳои факултет ва донишҷӯёни муқими хобгоҳ ширкат намуданд.
Дар маҳфил роҷеъ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими истиқлол ва ваҳдати миллӣ, моҳияти таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ суолу ҷавобҳо роҷеъ ба таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аносири рушди иқтисодӣ сурат гирифта, ба як қатор донишҷӯёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот


