Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 34-умин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти уновни “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масири обу иқлим ва истифодабарии захираҳои табиӣ, экологӣ, рушди устувор” бо иштироки ректори Донишкада, олимону пажӯҳишгарони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.
Конфронсро профессори кафедраи экологияи Донишкада Юнусов Музаффар ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи конфронс, ҳамкорон ва ширкати олимони байналмилалӣ, баррасии масоили муҳими обу иқлим ва захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, безараргардонии муҳити зист аз моддаҳои заррасон суханронӣ намуд.
Сипас, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар мавзуи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазъи аҳли башар” маъруза намуда, изҳор дошт, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим ва зарурӣ буда, баҳри ҳалли муаммои аҳли сайёра равона карда шудааст, ки ин ҳам ааз хиради волои ин абармарди арсаи сиёсат шаҳодат медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки ин шабу рӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти мисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад, зеро ташаббусҳои ин абармард ва наҷотбахши давлату миллат барои кулли оламиён хеле ва хеле зарур ва ҳалли он саривақтӣ мебошад. Зеро Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоилеро дар дар минбари ҷаҳонӣ матраҳ намуданд, ки аҳли башар дерҳо боз дар интизораш буд.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронси имрӯза, ҳамчунин намояндаи ташкилоти Helvetas Swiss Intercooperation дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Аминҷон, сардори шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Фозилзода Мухтор Муродалӣ, намояндаи Ассотсиатсияи байналмилалии гидрогеологҳо Раҳимова Валентина, доктори Донишгоҳи Оксфорд Никита Харри, Донишгоҳи саноати Тюмени Федератсияи Русия Абдрашитова Римма ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми қисмати пленарии конфронс ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба ҳамкорону шарикон изҳори миннатдори баён намуда, ба як қатор фаъолон ва шарикони рушд сертификат ва ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Баъдан, кори конфрос дар бахшҳо идома пайдо намуд.
Ёдрас мешавем, ки конференсияи дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти уновни “Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масири обу иқлим ва истифодабарии захираҳои табиӣ, экологӣ, рушди устувор” бахшида ба ду санаи муҳими таърихӣ ва дар доираи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
