Сараввал бояд ташреҳ дод, ки ҷомеаи босаодат ҷомеаест, ки дар он сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтироми ҳамдигар, адолат, маърифат ва зиндагии осоишта ҳукмфармо бошад. Ҳар як инсон орзу дорад, ки дар фазои орому осуда зиндагӣ карда, соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва оилаи хушбахт гардад. Вале, дар замони муосир як қатор падидаҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ ва хушунатангезӣ, ба амнияту оромии ҷомеа таҳдид менамоянд.
Ифротгароӣ ва хушунатангезӣ аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддии ҷаҳони имрӯза ба шумор рафта, метавонанд боиси нооромӣ, ҷангу низоъ, вайроншавии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва қафомонии иқтисодию иҷтимоии кишварҳо гардад. Аз ин лиҳоз, мубориза бар зидди чунин зуҳуроти номатлуб вазифаи на танҳо давлату мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрванди ватандӯсту масъулиятшинос мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки ифротгароӣ маънои пайравӣ намудан ба ақидаҳо ва рафторҳои тундравона, рад кардани андешаи дигарон ва кӯшиши таҳмил намудани ақидаи худ бо роҳҳои ғайриқонунӣ ва зӯровариро дорад. Шахсони ифротгаро ба ҷойи муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ аз таҳдид, тарсонидан ва хушунат истифода мебаранд.
Хушунатангезӣ бошад, рафторест, ки тавассути зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва дигар шаклҳои фишор ба ҳуқуқу озодиҳои инсон зарар мерасонад. Ин падида метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир гардад: аз таҳқиру озор додани шахс то барангехтани низоъҳои гурӯҳӣ ва амалҳои террористӣ.
Таъкид бояд сохт , ки ифротгароӣ ва хушунатангезӣ на танҳо ба ҳаёти инсонҳо хатар дорад, балки пояҳои маънавию ахлоқии ҷомеаро низ заиф мегардонанд, ки ин хеле нигаронкунанда мебошад. Ҷомеае, ки дар он нафрат, бадбинӣ ва зӯроварӣ ҷой дорад, наметавонад ба рушди устувор ва зиндагии хушбахтона ноил гардад.
Яке аз омилҳои асосии пайдо гардидани ифротгароӣ сатҳи пасти маърифат ва надоштани дониши кофӣ мебошад. Шахсе, ки ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури мустақил надорад, метавонад ба осонӣ зери таъсири ақидаҳои нодуруст қарор бигирад.
Омили дигар ин бекорӣ, мушкилоти иқтисодӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва надоштани имкониятҳои муносиб барои таҳсилу кор мебошад. Баъзе гурӯҳҳои ифротгаро аз чунин вазъият истифода бурда, ҷавонони ноогоҳро ба доми андешаҳои тундравонаи худ мекашанд.
Ҳамчунин, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳои паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Дар фазои интернет баъзе шахсон бо истифода аз маълумоти бардурӯғ, таблиғи нафрат ва ваъдаҳои беасос кӯшиш мекунанд, ки афкори ҷавононро таҳти таъсири худ қарор диҳанд.
Ҳамзамон, набудани тарбияи дурусти оилавӣ, кам шудани робитаи байни падару модар ва фарзандон, бетаваҷҷуҳӣ ба таълиму тарбияи насли наврас низ метавонад барои пайдоиши чунин зуҳурот замина фароҳам оварад.
Ифротгароӣ пеш аз ҳама ба сулҳу субот ва амнияти ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар натиҷаи паҳн гардидани ақидаҳои тундравона байни одамон ихтилофу ҷудоӣ ба вуҷуд омада, муносибатҳои дӯстона ва бародарона халалдор мегардад.
Дуюм, чунин падида ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки дар ҷомеа нооромӣ ва низоъ ба вуҷуд меояд, фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар соҳаҳо халалдор мешавад
Сеюм, ифротгароӣ ба маънавиёт ва фарҳанги миллӣ зарар мерасонад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо фарҳанги сулҳпарварӣ, меҳмоннавозӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ шинохта шудаанд. Ифротгароӣ ба ин арзишҳои неки миллӣ мухолиф буда, метавонад ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардумро заиф созад.
Чорум, аз ҳама хатарнок он аст, ки дар натиҷаи хушунат ва амалҳои ифротӣ инсонҳои бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд, кӯдакон аз таҳсил мемонанд, оилаҳо вайрон мешаванд ва орзуву умеди ҷавонон барбод меравад.
Пас, метавон гуфт, ки ифротгароӣ душмани сулҳ, ваҳдат, пешрафт ва хушбахтии инсонҳо мебошад.
Баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва худшиносии миллии ҷавонон дар пешгирии ифротгароӣ аҳаммияти бузург дорад.
Ҳар як ҷавон бояд кӯшиш намояд, ки илму дониш омӯзад, соҳиби касбу ҳунар бигардад, таъриху фарҳанги миллати худро хуб донад ва ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад. Ҷавонон бояд ҳар гуна маълумотро дар интернет бо тафаккури интиқодӣ қабул намуда, ба хабарҳои бардурӯғ ва таблиғоти ифротӣ бовар накунанд.
Дар ин раванд нақши оила, мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа хеле муҳим аст. Падару модарон бояд ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, омӯзгорон ҳисси ватандӯстӣ ва инсонпарвариро дар қалби хонандагон бедор намоянд ва ҷомеа барои фароҳам овардани муҳити солими маънавӣ саҳм гузорад.
Ҳамзамон, ҷавонон бояд дӯстиро қадр кунанд, ба андешаи дигарон эҳтиром гузоранд, аз ҳар гуна зӯроварӣ ва кинаву адоват дурӣ ҷӯянд. Танҳо бо роҳи донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҷомеаи пешрафтаву босаодатро бунёд кард.
Ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ ва хушунатангезӣ андешидани чораҳои мушаххас зарур аст, аз ҷумла:
а) Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии аҳолӣ, махсусан ҷавонон.
б)Тақвият бахшидани таълиму тарбияи ватандӯстона ва ахлоқӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
в)Пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва таблиғоти ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
г)Тақвияти нақши оила дар тарбияи насли наврас.
ғ) Рушди фарҳанги муколама, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон.
Таъкид бояд кард, ки мубориза бо ифротгароӣ танҳо бо роҳи чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Барои решакан намудани сабабҳои он пеш аз ҳама бояд маърифат, фарҳанг, адолат ва шароити мусоиди зиндагӣ дар ҷомеа рушд дода шаванд.
Дар умум, ифротгароӣ ва хушунатангезӣ аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноке мебошанд, ки ба сулҳу субот, амният, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи босаодат монеа эҷод мекунанд. Ҳеҷ як ҷомеа бе сулҳу оромӣ, дӯстиву бародарӣ ва эҳтироми ҳамдигар ба пешрафти воқеӣ ноил гардида наметавонад.
Мо, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу ваҳдат неъмати бузург буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар яки мо бояд бар зидди ҷаҳолат, таассуб, ифротгароӣ ва хушунат муборизаи маънавӣ барем ва бо дониш, фарҳанг, меҳнат ва рафтори намунавии худ дар ободии Ватани азизамон саҳм гузорем.
Зеро ҷомеаи босаодат дар фазои сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми инсонӣ бунёд мегардад. Сулҳ асоси зиндагии хушбахтона ва калиди рушди устувори ҳар як давлату миллат мебошад!
Муҳтарам Рафиқ
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
