Санаи 05.10.2026 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ баргузор гардид. Конфронсро ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, дар мавзуи “Конститутсияи -асоси пойдории давлат ва саодати миллат” , муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода дар мавзуи “Конститутсия кафили истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишкадаи байналмиллалӣ Хуҷанд Ҳоҷибоева Нигора дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккули давлатдории миллӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар” маъруза намуданд.
Дар ҳамоиши имрӯзаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмон ифтихорӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Юнусӣ Манзура ва ёрдамчии прокурори шаҳри Бӯстон қарор доштанд.
Ректори Донишкада таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, таҷассумгари ормонҳои таърихӣ, иродаи сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва роҳи минбаъдаи рушди давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Қабули он дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди бузурги сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор рафта, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт.
Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, бақои давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз мебошад. Эҳтиром ва риояи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба Ватан, давлат ва арзишҳои волои миллӣ маҳсуб меёбад.
Мавсуф, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохтори конститутсионӣ дар кишвар бисёр ҳам бузург арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои дунё қарор дорад.
Давлатзода Давлат дар идомаи суханронӣ қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияро муҳим арзёбӣ намуда, роҷеъ ба ин санади олӣ чунин андешаронӣ намудаанд: «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ҳамзамон, дар ҳамоиши имрӯза, ректори Донишкада Давлатзода Давлат ба як қатор омузгорону кормандони фаъол баҳри заҳмату талошҳои пайваста ва меҳнати софдилонаву бенуқсон туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин, зимни баргузории ҳамоиш ба як қатор донишҷӯёне, ки бори аввал аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд, шаҳодатномаи тасдиқкунандаи аъзогӣ ба ҳизб тақдим карда шуд.
Сипас, дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи рангини ҳунариву фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорони ансамбли “Ҷилои Ёқут”-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба аҳли ҳунар ва баргузоркунандагони ҳамоиши бошукуҳ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот




