БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУҲИМИ КОРИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар толори Шурои олимон ҷаласаи муҳими кории ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат баргузор гардид. Дар ҷаласа, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва деканҳо бо муовинонашон иштирок варзиданд.

Ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат оид ба масъалаи ҷоннок намудани кори маҳфилҳо, баргузории мизҳои мудаввар ва семинару конфронсҳо оид ба рушди соҳаи саноат, гиромидошти шахсиятҳои миллӣ, гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, ҷалби донишҷӯён ба курсҳои забономӯзӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии донишандӯзон, тақвият бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, омода намудани кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, беҳтар гардонидани вазъ дар хобгоҳ, ифтитоҳи китобхонаи электронӣ дар хобгоҳ, баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва ҳамзамон тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳиву масъулиятшиносӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки вазифаи ҳар яки мо ин тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа мебошад. Мо, дар ҳама ҳолат дар назди ҷомеа масъул ҳастем, ки ҷавононро тарбия намоем, онҳоро ҳамчун қисми фаъоли ҷомеа бо донишу фарҳанги воло барои ҷамъият муаррифӣ созем. Насли ҷавон бояд такя бар илму дониш намоянд, то битавонанд, ки барои миллати худ, обод сохтани давлати худ содиқона талош биварзанд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, буданд, ки  “рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки  муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи  соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Ва ин як ҳақиқати бебаҳс мебошад ва мо бояд дар ин самт ҷашду талош намоему илму маориф рушд бидиҳем, то насли ҷавон бо беҳтарин фанновариҳо дастрасӣ дошта бошаду тавонанд, ки саҳми арзишмандми хешро дар пешрафти мамлакатамон гузоранд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи имрӯза оид ба масъалаи дастгирии омӯзгорон, баланд бардоштани тафаккури техникии насли ҷавон ва таъсиси марказҳои нави тавсеаи малакаву маҳорат масъалагузорӣ сурат гирифт. 

Шуъбаи иттилоот