МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ШАРТИ АСЛИИ ШАҲРВАНДӢ ВА МЕҲАНДӮСТӢ

Қайд бояд сохт, ки масъулиятшиносӣ яке аз муҳимтарин хислатҳои инсонӣ буда, дар ташаккули шахсияти комил, рушди ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ нақши муҳим мебозад. Ҳар як инсон дар назди худ, оила, ҷомеа ва Ватани худ масъулият дорад. Маҳз дарки дурусти ин масъулият инсонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ӯро ба иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ водор месозад. Аз ин ҷиҳат, масъулиятшиносӣ шарти асосии шаҳрвандии фаъол ва меҳандӯстии ҳақиқӣ ба дониста мешавад.
Таъкид бояд кард, ки шаҳрванди масъулиятшинос шахсест, ки ҳуқуқу озодиҳои худро медонад, вазифаҳои худро софдилона иҷро мекунад, қонунҳоро эҳтиром менамояд ва барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузорад. Меҳандӯстӣ низ танҳо бо сухан ифода намеёбад, балки пеш аз ҳама дар рафтору кирдор, муносибат ба Ватан ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ зоҳир мегардад.
Дар фарҳанги корбурдӣ масъулиятшиносӣ маънои дарки вазифаҳо ва уҳдадориҳо, эҳсоси ҷавобгарӣ барои рафтору кирдор ва омодагӣ ба иҷрои софдилонаи вазифаҳои ба зиммадоштаро дорад. Ин хислат аз оила оғоз ёфта, дар мактаб, донишгоҳ, ҷойи кор ва муҳити иҷтимоӣ ташаккул меёбад.
Шахси масъулиятшинос ҳар як амали худро андеша мекунад, оқибатҳои онро ба назар мегирад ва мекӯшад, ки рафтораш ба дигарон зарар нарасонад. Ӯ ба сухани худ вафо мекунад, нисбат ба дигарон эҳтиром дорад, қоидаҳои ҷамъиятиро риоя менамояд ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа бетараф намемонад. Шахсоне, ки худро масъулиятшинос мегиранду лек дар амал баръакс кор мекунанд, суханбозӣ мекунанду аз сухани гуфтаашон мегарданд, тӯҳмат мебофанд ё бар зидди ашхос тавтеа эҷод менамояд, масъулиятшинос набуда, балки як ҳуққабоз ва дар ҷомеа хатарнок мебошанд.
Дар ҷомеаи муосир масъулиятшиносии шаҳрвандӣ аҳаммияти махсус дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро эҳтиром намуда, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эътироф кунад, моликияти ҷамъиятиро ҳифз намояд ва дар ободии маҳалли зисти худ саҳм гузорад. Риояи қонун, пардохти саривақтии андозҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ, муносибати ғамхорона ба табиат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи нишонаҳои муҳими масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мебошанд.
Агар ҳар як инсон масъулияти худро дуруст дарк кунад, дар ҷомеа тартибу низом, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила бештар мегардад. Баръакс, бемасъулиятӣ метавонад боиси вайрон шудани қонун, коҳиш ёфтани эътимоди байни одамон ва ба миён омадани мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ гардад.
Зикр бояд намуд, ки меҳандӯстӣ муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таъриху фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва омодагӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат мебошад. Ватан барои ҳар як инсон муқаддас аст, зеро маҳз дар он ҷо решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии ӯ ҷой доранд.
Меҳандӯстии ҳақиқӣ танҳо бо суханҳои зебо ва шиорҳо маҳдуд намешавад. Он дар амалҳои ҳаррӯзаи инсон зоҳир мегардад. Хонандаи масъулиятшинос бо баҳои хуб хондан ва аз худ кардани дониш ба ояндаи Ватан саҳм мегузорад. Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас хизмат мекунад. Табиб бо ҳифзи саломатии мардум, деҳқон бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва корманди дигар соҳаҳо бо иҷрои софдилонаи вазифаҳои худ ба пешрафти кишвар мусоидат менамоянд.
Ҳамин тавр, ҳар як кас метавонад бо меҳнати ҳалол, рафтори намунавӣ ва иҷрои вазифаҳои худ меҳандӯстияшро нишон диҳад. Муҳим он аст, ки инсон манфиатҳои шахсиро бо манфиатҳои ҷомеа ва давлат муқоиса карда тавонад ва дар доираи қонун барои беҳтар шудани зиндагии мардум кӯшиш намояд.
Ҷавонон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа дар рушди давлат нақши муҳим доранд. Онҳо бояд илму дониш омӯзанд, касбу ҳунар аз худ кунанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, технологияи муосирро истифода баранд ва ҳамзамон арзишҳои миллӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёгонро ҳифз намоянд. Ҷавонони донишманду масъулиятшинос метавонанд дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Тарбияи масъулиятшиносӣ аз оила оғоз мешавад. Падару модар аввалин омӯзгорони кӯдак мебошанд. Муносибати дуруст, эҳтиром ба калонсолон, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, риояи тартибот ва ёрӣ ба дигарон аз ҷумлаи хислатҳое мебошанд, ки кӯдак онҳоро пеш аз ҳама дар оила меомӯзад.
Дар баробари ин, муҳити иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма низ метавонанд ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рафтори ҷавонон таъсир расонанд. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар ҷомеа фазои солим, эҳтиром ба қонун ва қадршиносии меҳнати ҳалол ҷой дошта бошад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ободии Ватан танҳо вазифаи давлат нест. Ин масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо, сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқ, ҳифзи муҳити зист, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муносибати ғамхорона ба моликияти ҷамъиятӣ аз амалҳои одие мебошанд, ки метавонанд ба беҳбудии зиндагии сокинон мусоидат кунад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технология масъулиятшиносӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Имрӯз, ҳар як инсон на танҳо дар ҳаёти воқеӣ, балки дар фазои маҷозӣ низ рафтори дуруст нишон диҳаду дар истифодаи он бояд масъулият дошта бошад. Паҳн накардани хабарҳои бардурӯғ, эҳтироми андешаи дигарон, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз талаботи муҳими замони муосир мебошад.
Шаҳрванди масъулиятшинос бояд ба ояндаи давлат бетараф набошад. Ӯ мушкилоти ҷомеаро дар доираи қонун ва бо роҳҳои созанда баррасӣ намуда, барои ёфтани роҳи ҳалли онҳо саҳм мегузорад. Танқиди созанда, пешниҳодҳои муфид ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ низ метавонад нишонаи масъулияти шаҳрвандӣ бошанд.
Барои кишвари азизамон тарбияи шаҳрвандони ватандӯст, донишманд, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос аҳаммияти бузург дорад. Пешрафти давлат, таҳкими сулҳу субот ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон аз меҳнати содиқона, дониш, фарҳанг ва ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванд вобаста аст.
Дар умум, масъулиятшиносӣ яке аз пояҳои асосии шаҳрвандии фаъол ва меҳандӯстии ҳақиқӣ мебошад. Шахсе, ки масъулияти худро дар назди оила, ҷомеа ва давлат дуруст дарк мекунад, барои пешрафти Ватан саҳми арзанда мегузорад, масъулиятшиносӣ зоҳир менамояд.. Меҳандӯстӣ низ маҳз тавассути амалҳои нек, меҳнати ҳалол, риояи қонун ва ҳифзи арзишҳои миллӣ амалӣ мегардад.
Ҳар яки мо бояд кӯшиш намоем, ки бо рафтори намунавӣ, донишу малакаи хуб, эҳтироми дигарон ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои худ ба ҷомеа манфиат бирасонем. Зеро Ватан аз ҳар яки мо масъулият, садоқат ва амалҳои созандаро талаб мекунад.
О. Зардуштмеҳр
мутахассиси шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон