Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии раёсати Донишкада баргузор гардид. Ҷаласаро нахуст ректори донишкада дотсент Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рӯзномаи ҷаласа, чорабиниҳои ба нақшагирфташуда дар давоми ҳафта ва иҷроиши барномаҳо , ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда аз ҷумла омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, пайгирии хатмкунандагон ва санҷиши рафти таҷрибаомӯзӣ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, ҷараёни таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, сафарбарнамоии донишҷӯён ба олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ, кори филиалҳои кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, интизоми меҳнат, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои забономӯзиву ихтироъкорӣ, ҷоннок намудани кори марказҳои касбомӯзӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, таъсиси марказҳои мусоидаткунанда ба рушди касбомӯзӣ суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори маркази бақайдгирӣ ва таҷрибаомӯзӣ Саидов Асомиддин,сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯза оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа гузориш доданд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа гузориши деканҳо ва сардорони раёсату шуъбаҳо шунида шуд.
Шуъбаи иттилоот
