Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат донишҷӯёни ба Донишгоҳи Ланжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекардаро ба ҳузур пазируфта, мулоқот намуданд.
Таъкид карда шуд, ки донишҷӯён бояд хубу аъло таҳсил намуда, илмҳои муосирро аз худ намоянду омада бар Ватан содиқона хидмат намоянд.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории зичи илмӣ ва таълимӣ дорад.
Тибқи шартномаи ҳамкорӣ донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои зерин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил мекунанд:
1-520201 – Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ;
1-420101-0104 – Металлургияи металлҳои ранга;
Таҳсил тибқи барномаи байналмилалии “2+2” амалӣ мегардад ва донишҷӯён 2 сол дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
ва 2 сол дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил мекунанд, ки ин беҳтарин усули таълим дар омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкориву металлургия ва технологияҳои муосир мебошад.
Ин навбат 12 нафар донишҷӯён тибқи даъват ба Ҷумҳурии мардумии Чин фиристода шуданд ва қарор аст, ки дар соли 2027-2028 200 нафар донишҷӯён аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи шартномаи ҳамкорӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ фиристода шаванд.
Шуъбаи иттилоот



